Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори як корманди ҳукумати маҳаллӣ дар Қандаҳор


Дар шаҳри Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, бар асари ҳамлаҳои мусаллаҳона як хонум - корманди ҳукумати маҳаллӣ ва чаҳор муҳофиз кушта шуданд. Радия Саодат дар назди манзилаш дар ҳоле ҳадафи тир қарор гирифт, ки мехост ба кор равад.

Дирӯз дар Қандаҳор се маргталаб худро дар дафтари як ширкати хусусии муҳофизатӣ инфиҷор карданд. Дар ин ҳодиса чаҳор нафар кушта ва 8 нафар захмӣ шуданд.

Масъулияти ҳамлаи дирӯзро толибон бар дӯш гирифтанд.
XS
SM
MD
LG