Пайвандҳои дастрасӣ

Зеллик хостори таҳияи барномаҳои нави зиддибӯҳронӣ шуд


Роберт Зеллик, Раиси Бонки ҷаҳонӣ

Роберт Зеллик, Раиси Бонки ҷаҳонӣ

Раиси Бонки ҷаҳонӣ Роберт Зеллик изҳор намуд, ки ҳукуматҳои кишварҳои аврупоӣ ва ИМА ба хотири ҷилавгирӣ аз бӯҳрони нави сартосарӣ бояд чораҳои оҷил андешанд.

Зимни суханронӣ дар Австралия Зеллик изҳор намуд, ки бӯҳрони молиявӣ дар бархе аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва баҳсҳои сиёсӣ дар Амрико оид ба қарзи дохилӣ ба бозорҳои ҷаҳони таъсири манфӣ гузоштанд. Ба гуфтаи раиси Бонки ҷаҳонӣ, Аврупо ва Амрико бояд барномаҳои стратегии зиддибӯҳронӣ таҳия кунанд.

Аз ин пеш Кристин Лагард, раиси Сандуқи байнулмилалии пул, ҳушдор дода буд, ки коҳиши аз ҳад зиёди хараҷоти буҷа дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА метавонад рушди иқтисоди ҷаҳониро боздорад.
XS
SM
MD
LG