Пайвандҳои дастрасӣ

Мирзомуҳаммадии Навид: "Кабирӣ ҳарфи маро гӯш накард"


Мирзомуҳаммадии Навид

Мирзомуҳаммадии Навид

М. Навид, узви Шӯрои сиёсӣ ва мушовири фарҳангии раиси ҲНИТ бо нишони эътироз ин ҳизбро тарк кард.

Тарки чеҳраҳои матраҳ аз ҳодисаҳои нодир дар таърихи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон нест. Дар гузашта бо далелҳои гуногун собиқадори саршиноси ҳизб Давлат Усмон, домуллоҳои маъруф Абдураҳим ва Абдурасул ҳам сафҳои онро тарк карда буданд ва инак,
Ихтилофи
назарҳо бояд дар ҳама ҷо бошад ва ин табиист. Намешавад, ки 50-60 нафари дар як ҷо буда, ихтилофи назар надошта бошанд. Аммо ин ки онҳо ба ҷудоиву тафриқа хоҳанд кашид, инро ман эҳсос намекунам...

навбати Мирзомуҳаммадии Навид будааст.

Дар сӯҳбате, ки бо ҷаноби Навид доштем, нахуст аз ӯ пурсидем, сабабҳои ин тасмими ҷиддиашон чӣ буд, ки баъд аз узвияти беш аз 20-сола дар ҳизб гирифта шуд?

Мирзомуҳаммадии Навид: "Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Аслан ба ягон ҳизбу ҳаракат шомил шудан ва ё аз он хориҷ шудани шахс шояд барои ҷомеа чандон муҳим набошад. Аммо барои нафаре, ки ин тасмимро мегирад, аҳамият дорад. Як қонуни роиҷ дар ҷаҳон аст, ки ҳатто шахсиятҳои бузург ҳамчунин тасмимҳоро мегирифтанд, аз ҳизбе ба ҳизб мерафтанд. Муҳаммад Иқболро гирем, ки узви Лигаи исломӣ буду пас ба нишон эътироз онро тарк кард ва аз чанд ниҳоди мазҳабии дигар низ. Бо ин ҳама гуфтаниам, ки тасмими фавқулодае нагирифтаам. Хуб, дар бораи сабабҳои хориҷ шуданам аз ҲНИТ. Адолат, инсоф, ҷавонмардӣ тақозо мекунад, ки гуфтор ва рафтори инсон аз ҳадди эътидол хориҷ нашавад. Шурӯъ аз ҷанги шаҳрвандӣ то сулҳу даврони баъд аз сулҳ дар радифи бародарон дар ин ҳизб будам. Баъзе масъулиятҳоро иҷро кардам, ки назди имон ва виҷдон қаноатманд ҳастам, ҳам аз нигоҳи мазҳабӣ ва ҳам миллӣ. Дар ҳама ҳолат аз эътидолу инсоф берун набудам. Гузаштаи худро инкор намекунам. Ҳоло ҳеҷ ҳарфи бад ва ғаразолуд нисбат ба ҲНИТ гуфтанро ҳадаф нагузоштаам. Ин ҳаракат, дарвоқеъ ҳаракати асил ва аз мағзи миллат ҷӯшида баромадааст. Аммо вақте инсон дар ягон ҳизб, корхона ва ё вазорат кор мекунад ва мебинад, ки раҳбарият ба ӯ таваҷҷӯҳе дорад, бозавқ кор мекунад, даст ба ибтикорот ва афкори созанда мезанад. Аслан як рукни муҳими роҳбарӣ шинохти шахсиятҳо ва масъулон, муомилаи хуб бо онҳост,
Мирзомуҳаммадии Навид (рост) ҳангоми сӯҳбат дар студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе
то як истифодаи комиле аз онҳо карда шавад. Аммо вақте инсон мебинад, ки дар ҷое эҳтиёҷе барои ӯ нест ва ба афкору андешаи ӯ таваҷҷӯҳе сурат намегирад, пас инсоне, ки мағзи рӯшан дорад, инро барои худ таҳқир ҳисоб мекунад ва канор меравад. Як сабаби рафтани ман ҳамин аст. Ин марбут ба ранҷиши шахсии ман аз роҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ нест. Сирф дар ин маҳдуда андешидан қобили қабул нест. Вақте кас дар як ҳизб бо дигарон аст, миёни онҳо ба ҷуз равобити сиёсиву фарҳангиву ҳоказо, равобити иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳам пайдо мешаванд. Вақте ҳамаҷониба инсон тазйиқ мебинад ва роҳбару саркор ба ӯ эътиборе намедиҳад, бояд худро берун бикашад. Эҳтироми нафсу иззати инсон ҳам зарур аст. Як тамсили арабӣ ҳам ҳаст: "Шутури пурбори худро бикаш ва бирав аз сарзамине, ки хорӣ эҳсос мекунӣ".





НУРӢ ИНСОНШИНОС БУД...

Озодӣ: Чаро бояд ба Шумо таваҷҷӯҳ кунанд? Оё Муҳиддин Кабирӣ, ки то ҳол номашонро намегиреду аммо ишораҳо сӯяшон мешавад, чаро Шуморо қадрдонӣ накарданд?

Мирзомуҳаммадии Навид: "Ман аз замони ҳиҷрат то сулҳ дар вазифаҳои гуногуни ҳизбӣ кор кардам. Дар ҳайати Комиссияи оштии миллӣ ба ватан баргаштам. Кумитаи фарҳангии ИНОТ-ро дар Афғонистон ба зимма доштам. Барои он ки ҷавонони мо дар ҳиҷрат
Марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ
мазҳабу ақоиди худро олуда насозанд, корҳое кардем. Барои бақои таълими динӣ, забон, адабиёт ва ҳатто мусиқии миллӣ дар ғурбат корҳои зиёде анҷом додем. Инҳоро устоди марҳум - Сайид Абдуллоҳи Нурӣ қадр менамуданд. Он кас ба ман эътимод доштанд ва ин вазифаҳоро ба ман бовар мекарданд. Фикри ман дар ҳар маврид шунида мешуд. Узви Шӯрои сиёсии ҳизб будам. Ҳатто дар тасмимгириҳои муҳим сари сулҳу ҷанг фикри ман таъсир дошт. Ҳоло ҳарчӣ мегӯям, на ба хотири миннат, балки миллат аст. Он чӣ кардам, холис ба хотири Худо буд, ва Ӯ ин ҳамаро медонад. Агар ман як нафари одӣ мебудам, Устод маро дар раъси як ҳайати баландпояи кумиссиюни муҳими оташбас ба Тоҷикистон намефиристод, узви Комиссияи оштии миллӣ як ниҳоди таърихӣ дар Тоҷикистон интихоб намекард. Агар як шахсияти одӣ мебудам, 26 узви Комиссияи оштии миллӣ - ҳам аз ҳукумат ва ҳам оппозитсиюн - маро ба муовинати вазири фарҳанг бо як овоз пешниҳод намекарданд. Буданд афроди мухолифи шахси ман аммо аз ҷониби худи мо - оппозитсиюн. Устод он замон онҳоро сари инсоф овард. Устод инсоншинос буд. Худо биёмурзад, ҳеҷ ҳоҷат ба муаррифӣ надорад.

Шукри Худо, ки ман дар сулҳи тоҷикон яке аз афроди муҳим будам ва саҳм доштам. Дигар чӣ шуд, ки ба замони ҷаноби Кабирӣ ба ин ҳол расидем. Чаҳор сол аст, ки раис аст. Ҳангоми сӯҳбат сари шахсияти он кас аз эътидол берун наомадам, ноҷавонмардӣ накардам. Шахсияти ба ҳар воситае, ки набошад, матраҳ аст, ҷавон аст, сиёсатшинос аст. Иншоаллоҳ, ки дар оянда боз таҷрибаи корӣ ҳосил хоҳад кард, зеро инсонҳо дар равиши кор ба воя мерасанд. Ба ӯ ғаразе надорам. Аммо чаро дар давоми чаҳор сол ин гуна муносибат бо ман дошт, бароям рӯшан нест. Гумон накунед, ки аз як нафар ранҷида, канор рафтам. На. Ранҷиши ман аз ин аст, ки вақте суханам шунида намешавад, пас дар сиёсатҳои фарҳангиву мазҳабӣ, иҷтимоиву ахлоқӣ таъсире надорам. Аммо як раҳбар бояд ҳадди ақал бикӯшад, ки як нафари дигарро фаҳмад, инсонҳоро бишнавад. Масалан, ман дар баробари бузургонамон самимият ва ихлос дорам, аз дигарон ҳам дар баробари худ ин самимиятро орзу мекунам. Намегузорам, ки маро таҳқир кунанд. Ин ҳам як сабаб аст."

"ЧУН ТАВАҶҶӮҲ НАКАРДАНД, МО ҲАМ РАФТЕМ"

Озодӣ: Бо худи ҷаноби Кабирӣ андешаҳо ва ранҷишҳои худро боре ба миён гузоштед?

Мирзомуҳаммадии Навид: "Ду моҳ мешавад, ки барои аз ҳизб хориҷ шудан ариза навиштам. Он кас дар сафар буданд. Аввал, бояд бигӯям, ки баъзе рӯзноманигорон овоза кардаанд, гӯиё ман онҳоро тавалло кардаам, ки бо ман мусоҳиба кунанд. Овозаву дарвозаҳо зиёд шуд ва ҳоло мусоҳиба мекунам, то каҷфаҳмиҳоро бартараф кунем. Бо Кабирӣ сӯҳбат доштам, аммо на дар ин мавзӯъ. Рӯзноманигорон вақте аз ман мехостанд, ки мусоҳиба кунам, мегуфтам, он кас дар сафар аст, ояд як сӯҳбат кунем, дарди дилро гӯем ва пас тасмими қатъии худро бигирем. Ӯ омад. Аммо фақат ба хотири ифтор маро даъват кард. Ба хотири бархе бародарону ба хотири Рамазон рафтам. Аммо ба ҷуз саломалайку баъзе шӯхиҳо миёни мо гапи дигар набуд. Боз як ҳафта гузашту аз он кас паёме наомад. Чун дидем, ки ба мо таваҷҷӯҳ накарданд, мо ҳам гуфтем, ба шумо эҳтиёҷ надорем. Сирф ба хотири баёни воқеият ҳоло бо Шумо сӯҳбат мекунам, на худнамоӣ."

КӮДАКИ ГАҲВОРА НЕСТЕМ...

Озодӣ: Танҳо Шумо ҳастед, ки дар Ҳизби наҳзати исломӣ ба чунин бетаваҷҷӯҳӣ гирифторед ё дигарон ҳам ҳастанд?

Мирзомуҳаммадии Навид: "Гуфтам, ки ранҷиш як сабаб буд. Сабабҳои дигар ҳам ҳастанд. Аз ҷумла ин ки дар тасмимгириҳо
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ
фикри моро намегиранд ва баъзе равишҳои корӣ пайдо шудаанд, ба ман хуш намеоянд. Яъне баъзе тасмимҳое, ки ҷанобон мегиранд, бидуни машварати дигарон ва ҳам ба рӯҳияи минтақаи мо, маънавиёти мардуми мо он қадар созгор нестанд. Бо дигарон намедонам, ки чӣ гуна бархӯрд мешавад. Худашон медонанд. Аммо ҳаминро мегӯям, мо ҷавон ва ё кӯдаки гаҳвора нестем, ки ҳама чиро бардошт карда тавонем. Мебинам, ки ба фикри мо, мавқеи мо беэътимод буданд. Боз сабабҳои аввалтаре ҳастанд, ки дар бораашон дар мавориди дигар хоҳам гуфт. Ҳоло на."

АЗ КӮҲНАГАРОҲО ТО МОДЕРНИСТҲО

Озодӣ: Ҷаноби Навид, баъзеҳо мегӯянд, ки дар ҲНИТ, ба қавле, "модернист"-ҳо ҳастанд бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ ва ҳам "консерваторон", ки раиси кунунии ҳизбро қабул надоранд. Шояд Шумо ҳам аз охириҳо ҳастед?

Мирзомуҳаммадии Навид: Чун ба шахсияти худ назар мекунам, дар ҳама давру замон, дар ҳеҷ як айёми зиндагиам шахшуда ва догматист набудам. Ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва ҳамқадами замона будам ва ҳоло ҳам ҳастам. Агар баъзе арзишҳо ва муқаддасоти бисёр собити мазҳабиро, ки дар ҳама асру замон бетағйир мемонанд, баъзеҳо кӯҳнапарастӣ бидонанд, ғалати маҳз аст. Дар усулиёти собитаи мазҳабӣ мо ҳамеша побарҷо будем. Вале дар фурӯъиёт, тарзи тафаккур ва пешниҳод кардани роҳи ҳали масоили иҷтимоиву сиёсӣ фикрам боз буд, назари пажӯҳишгарӣ доштам. Худро ҳеҷ гоҳ дар радифи инсонҳои кӯҳнагаро қарор надодаам."

"ҶАНБАИ МАЗҲАБИИ ҲИЗБИ ИСЛОМӢ БОЯД ҚАВӢ БОШАД"

Озодӣ: Оё ягон пешниҳоде карда будед, ки хубу созанда буд, аммо дар ҲНИТ қабул нашуд?

Мирзомуҳаммадии Навид: Бисёр намехоҳам, ки дар сӯҳбат фаротар равем. Фақат як ишорат мекунам, ки агар мазҳабу диёнатро аз маънавиёташ, аз асолати ақидатиаш бигирем, нисбат ба ин муқаддасот беэътиноӣ бикунем ва ҳамаро дар чорчӯбаи асри навин - ақлоният бисанҷем, имониятеро, ки дорем, дар ҷои дуввум қарор бидиҳем, ин ғалати бузург аст. Назари ман ин аст, ки як ҳизб ё ҳаракати исломӣ бояд дар вуҷудаш маънавият, ҳувият ва ахлоқи мазҳабии қавӣ дошта бошад. Ҷанбаи мазҳабиаш бояд қавитар аз ҷанбаҳои беруна, ин модернизатсияе, ки мегӯянд, бошад. Ҷаҳоне, ки мухолифи ислом аст, ҳаминро мехоҳад. Онҳо мехоҳанд, таҳрифотеро, ки дар дигар динҳо, аз ҷумла масеҳият ворид карданд, дар ҳақиқат онро «модерн» карданд, ба дини ислом низ ворид намоянд. Масеҳиятро аз асрҳои миёна то ба ҳол «модерн» карданд. Динеро, ки осмонӣ буд, инсонӣ карданд. Дини худосохтаро инсонсохт намуданд. Ба меъёрҳои сохтаи башарӣ омехта карданд. Ин ҳаракат солҳост, ки дар баробари ислом ҳам идома дорад. Мехоҳанд, исломро модернизатсия кунанд. Ислом аслан ба модерн шудан ниёз надорад. Агар зери ин султаи фикрӣ равем, ғалат мекунем. Ман ҳамеша дар ин ақида собит ҳастам, зеро ин асолати ақидатии ман аст."

"ШАХСИЯТ ДУНЁРО ХУБ ШИНОСАД"

Озодӣ: Оё дар Ҳизби наҳзат ин чизҳо ба назар мехӯранд?

Мирзомуҳаммадии Навид: "Тасмимгириҳое, ки аз сӯи як нафар сурат мегирад. Дар бораи шахсиятҳо гӯем. Ҳоло дарк мекунам, ки таҷриба, малака, маҳорат, чӣ чизи муҳимест. Як ҷавон метавонад дониши зиёд дошта бошад, аммо чун дар пасту баландиҳои зиндагӣ пухта нашуда бошад, фикраш хом аст ва дар куҷо истифода бурданашро намедонад. Ман бародарони дар ин ҳаракатбударо, ки дар тамоми маҳрумиятҳои ҳиҷрат буданд, ранҷу заҳмат кашиданд ва ҳатто пеш аз ҳиҷрат, шахсиятҳои хеле муҳим медонам. Ва роҳбарият бояд ба онҳо аҳамият қойил бошад. Дигар ҷавонон бояд тарбия ёбанд. Аз ин мактаб бигзаранд ва устувор шаванд. Як шахсият бояд ҷомеъ бошад, маънавиёти хуб дошта, дунёро хуб шиносад. Намешавад, ки бо модернизатсия кардани нафарон, дар фикри модернизатсия кардани як ақидаи собит ҳам бошем."

ТАФОВУТИ РАҲБАРИИ НУРИВУ КАБИРӢ

Озодӣ: Шумо аз соли 1991 то чаҳор соли пеш бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ кор кардед ва чаҳор сол аст, ки бо Муҳиддин Кабирӣ кор мекунед. Фарқи ин ду роҳбар дар чист?

Мирзомуҳаммадии Навид: "Устод Нурӣ шахсиятест, ки дар таърихи навини Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ҳатто даврони Шӯравиро бидуни ӯву ёронаш наметавонем ба хотир орем. Шахсияте буд, ки эътирофи минтақаӣ ва то андозае байнулмилалӣ ҳам дошт.
Шахсиятҳои бузурги олами сиёсати Шарқу Ғарб ӯро эътироф карда буданд. Дар паҳлӯяш будем ва боз баъзе чиҳоеро медонем, ки аз инсони комил будани ӯ дарак медоданд. Ӯ дар таърих мақоми худро дошт. Устод як кореро, ки оғоз кард, ба анҷом расонд. Бо фазли Худо ва аз ҷумла бо ширкати фаъоли ӯ дар Тоҷикистон сулҳ омад. Шахси мӯътадил буд, атрофиёнашро мешунид, эътирофу эҳтиром мекард. Замони ҷаноби Кабирӣ дигар аст. Он мушкилиҳое, ки дар замони Нурӣ буданд, нестанд. Ҳарчанд фишорҳо аз хориҷ ва баъзе доираҳо ҳастанд, аммо кор осонтар аз замони Нурист. Шахсияти Кабирӣ ба ин давру замон мутобиқ аст ва қобили муқоиса бо Устод Нурӣ буда наметавонад. Мо мебинем, ки ҷавон аст, як шинохти байнулмилалӣ ҳам касб кардааст. Популизм яке аз роҳҳои машрӯъи шӯҳрат ёфтан дар сиёсат аст. Одам ба ҳар васила метавонад ном ёбад."

РАИСИ КУНУНИИ ҲНИТ ПОПУЛИСТ АСТ?

Озодӣ: Яъне ба назари Шумо, Кабирӣ популист аст?

Мирзомуҳаммадии Навид: "На ман гуфтам, ки дар асри кунунӣ популизм яке аз роҳҳо дар сиёсат аст. Ҷомеаи мо ҳам як шахсият, сиёсатмадори сад дарсад самимии файласуфи фавқулодаро шинохта наметавонад. Яъне чӣ? Як воиз метавонад бо сӯҳбати пурэҳсос оммаро гирёнаду моил кунад, аммо як мутафаккир бо сӯҳбатҳои ҷиддӣ ин корро карда наметавонад. Бо як нукта фарқ миёни шахсиятҳои Устод Нурӣ ва Кабириро баён медорам. Умедворам, ки Кабирӣ ҳам замоне як шахсияти бузург хоҳад шуд. Ин орзуро дорем. Хуб фарқият ин аст, ки Нурӣ, худо раҳматаш кунад, аввал шариатмадор буд, баъд сиёсатмадор. Сиёсати Нурӣ дар асоси шаръиёти Нурӣ мечархид. Ҷаноби Кабирӣ, аввал, сиёсатмадор аст ва баъдан, шариатшиор."

ШАРИАТМАДОР Ё ШАРИАТШИОР?

Озодӣ: Шариатшиор? Фарқи шариатмадор аз шариатшиор чӣ аст?

Мирзомуҳаммадии Навид: "Шариатмадор касе аст, ки тамоми заруриёт ва меъёрҳои шаръиро сад дар сад иҷро мекунад, ҳамчу улгу барои мардум қарор мегирад. Масалан, аз намуди зоҳирӣ то ақоиди ботинӣ. Аз либос то шакли зоҳириаш, ҳаракатҳояш, сулҳаш, ҷангаш, гуфтугӯву ҳазлаш ҳамагӣ дар доираи шаръ сурат мегирад. Ин ҳамаро ман дар Нурӣ медидам. Барои шариатмадор шудан ҳам хеле меҳнат зарур аст. Ин таҳқир нест. Хеле кӯшиш зарур аст, ки туро мардум эътироф кунанд. Ба он хотир Кабириро шариатшиор медонем, ки шиорҳояш шаръӣ ҳастанд ва ҳадафаш ҳам шаръист, аммо шахсияташ ба дараҷаи як шариатмадоре нарасидааст, ки мардум ӯро як симо ва улгуи шаръӣ бидонанд. Аз нигоҳи ман, воқеияти ҳол чунин аст."

"ҚАВМУ ҚАБИЛАПАРАСТӢ НАДОРАД..."

Озодӣ: Зиёд мешунавем, ки Кабирӣ Ҳизби наҳзати исломиро ҳам хонаводагӣ кардааст. Манзур хешовандони худро зиёд ҷалб мекунад. Оё ин сарусадоҳо сиҳат доранд?

Мирзомуҳаммадии Навид: "На. Онҳое, ки ин овозаҳоро мепарокананд, ғараз доранд. Ман инро надидам. Дар вуҷуди раҳбар ин чизҳо набояд бошад. Кабирӣ ҳам надорад. То ҳадде ки медонам, як бародарашон ҳаст, ки вазифаи боло надорад. Як хоҳарашон ҳам ҳастанд, ки низ масъулияти баланд надорад. Аммо чаро дар кори ҳизб хешовандони раҳбар ҷалб нашаванд, агар истеъдод дошта бошанд? Кори бад нест. Хулоса, Кабирӣ қавму қабилапарастӣ надорад."

Озодӣ: Шумо ба сафарҳои хориҷии ҷаноби Кабирӣ чӣ назар доред? Оё хуб мекунад, ки бештари вақти худро дар хориҷа мегузаронад?

Мирзомуҳаммадии Навид: "Даъват шудани ҷаноби Кабирӣ аз ҷониби ниҳодҳои давлативу ғайридавлатии мамолики хориҷ на аз дӯст доштани Кабирӣ ва ҳизби ӯст. Ва дигар ин ки «бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме».

НАМЕГӮЕМ, КӢ МУВАФФАҚ АСТУ КӢ НЕ

Озодӣ: Мегӯянд, ҷаноби Нурӣ пас аз ҷангу сулҳ тавонистанд барои Ҳизби наҳзати исломӣ дар парлумон ду ҷой гиранд, Кабирӣ ҳам дар замони осоишта ду ҷой гирифт. Интихоботи ахири парлумонӣ, ба қавли манобеъи ғайрирасмӣ, як гуна бо бартарии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тамом шуд. Ҳатто афроде ба ин ҳизб раъй додаанд, ки аз ақидаи исломӣ хеле дуранд. Ба гунае Ҳизби наҳзати исломӣ дар набард барои дилу дидаҳо пирӯз ҳам омад. Ва ин чунин маъно дорад, ки Кабирӣ як раҳбари дарвоқеъ муваффақ буд. Шумо чӣ назар доред?

Мирзомуҳаммадии Навид: "Ман дар ин бора ҳанӯз сӯҳбат накардаам, ки Кабирӣ раҳбари муваффақ аст ё не. Ҳатто гуфтам, ки он кас дар фазои ҳозира хеле мувофиқ ҳастанд. Он чӣ марбут ба парлумон аст, ин як анъанаест, ки аз замони устод то ба имрӯз идома дорад. Дар интихоботи гузашта агар Устод Нурӣ зинда мебуд, Ҳизби наҳзат чаҳор ҷой мегирифт ё ки бештар."

ИХТИЛОФ ДАР ДОХИЛИ ҲНИТ ВОҚЕИСТ?

Озодӣ: Мегӯянд, дар Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам мухолифатҳо ва ҳатто гурӯҳҳо ҳастанд ва ин ҳол эҳтимолан, бахусус дар арафаи Анҷумани навбатӣ шояд рӯшантар шаваду тафриқа ҳам дар ҳизб ба вуҷуд ояд. Ин дуруст аст?

Мирзомуҳаммадии Навид: "Ихтилофи назарҳо бояд дар ҳама ҷо бошад ва ин табиист. Намешавад, ки 50-60 нафари дар як ҷо буда, ихтилофи назар надошта бошанд. Аммо ин ки онҳо ба ҷудоиву тафриқа хоҳанд кашид, инро ман эҳсос намекунам. Нерӯи сиёсӣ ва ҳам амали як ҳизб дар он ҳолат эҳсос мешавад, ки дар дохили худ иттиҳод ва якпорчагӣ дошта бошад. Ин як қоидаи мусаллам аст. Агар дар дохил нифоқ ба вуҷуд ояд, пойдории ҳизб зери хатар мемонад. Ман бовар дорам, ки бо Ҳизби наҳзат ҳамчунин нахоҳад шуд."

ДУ МОҲ ИНТИЗОРӢ КАШИДАМ...

Озодӣ: Шумо як намояндаи аршади ҲНИТ ҳастед, ки ҳизбро тарк мекунад. Оё ин кори Шумо бархеи дигарро дар ҳизб таҳрик намедиҳад?

Мирзомуҳаммадии Навид: "Ман тасмими таъҷилӣ нагирифтам. Ду моҳ интизорӣ кашидам. Бо бародарони аршад дар ҳизб ҳам сӯҳбатҳо кардам. Агар як сабаб ин аст, ки ман шояд дар ҳизб нолозим ҳастам, сабаби дигар ҳам дигар корҳо ва вазъи сиҳатии ман аст. Сабабҳо маълуманд. Аммо комилан ҷонибдори он нестам, ки бархе бародарони фурсатталаб, агар бошанд, аз ин вазъ истифода бурда, маъракае алайҳи ҲНИТ ва роҳбарияти он роҳандозӣ кунанд. Боз мегӯям, ки ман раҳбарони ҳизбро эътироф мекунам, аммо иззати нафси худро болотар медонам."

Озодӣ: Шуморо бо ҲНИТ шинохтанд. Обрӯятон ҳам ба он сахт бастагӣ дорад. Маҳз узвияти Шумо дар ин ҳизб сабаби ба муовинати вазири фарҳанг расидани Шумо шуд. Мешуд, ки агар аз Раёсати олии он рафтед, ҳадди ақалл узвияташро ҳифз мекардед?

Мирзомуҳаммадии Навид: "Шукргузор ва сипосгузор ҳастем, ки ба ин роҳи рост ҳидоят шудем. Ҳоло ҳам дар хориҷ шудан нуқсон аз мо набуд. Истихораҳо ҳам карда, ахиран рафтам. Ба ҳар ҷо ки расидем, аз Худо медонем. Вале мо низ як шахси тасодуфӣ дар ҳизб набудем. Мо ҳам коре кардем барои ҳувият ва устувории ин ҳаракат."

КӢ ҲАЛҚАИ ИСЛОМРО АЗ ГАРДАН ГИРИФТ?

Озодӣ: Гуфтед, ки роҳи ҳизб роҳи рост аст. Акнун Шумо аз ин роҳ баромадед?

Мирзомуҳаммадии Навид: "Худо аз он нигоҳ дорад, ки аз роҳи рост бароем. Баъзе бародарон масал заданд, ҳатто хеле дағалона, ки «шумо ҳалқаи исломро аз гардан гирифтед». Ин бадеҳист, ки ҳизб дин нест. Ҳизби наҳзат асли диёнат, ки нест. Ин як ҳаракати сиёсӣ, сохти башарӣ аст дар чаҳорчӯбаи қонун. Ҳадаф ҳадафи шаръӣ аст. Ҳизб як василаи расидан ба ҳадаф аст. Ин чорчӯбаро инсон сохтааст. Бо воситаи ариза ба раис дохил мешаванд ва ҳамин тур хориҷ мешаванд. Ин сохти инсонӣ аст. Ва мо дар роҳи сиротулмустақим ҳастем. Умеди савоб доштем, он ҷо будем. Дигар роҳҳои хайр ҳам баста нестанд."

ҲНИТ ЧӢ МЕХОҲАД?

Озодӣ: Ҷаноби Навид, сухан дар бораи роҳ рафт. Ҳизби наҳзат бо кадом роҳ меравад? Ҳадафаш бунёди ҷумҳурии исломист ё чӣ? Шумо ба чӣ бовар доштед?

Мирзомуҳаммадии Навид: "Дар ин бора чанд сол аст, ки ҷаноби Кабирӣ посухҳои мантиқиву хуб ҳам гуфтанд. Ин, ки дар коғаз менависед, ҷумҳурии исломӣ месозем, воқеъбинӣ нест. Дар замони ҳозира, мутаассифона, қонунҳои башарӣ қавитар аз қонунҳои шаръӣ шудаанд. Ҳарчанд ки «башар қонунгузориро нашояд ва қонуни башар бе шарр нест», вале ҳар низом бояд аз рӯи Сарқонун амал кунад. ҲНИТ барои сохтани ҷомеаи исломӣ мекӯшад. На бо тариқи зӯр, балки тариқи мутамаддин — интихоботу нишасту конфронсҳо дигар роҳҳо. "Исломӣ" унвон кардани давлат муҳим нест. Муҳим ҷомеа исломӣ бошад, меъёрҳои шаръ риоя шавад. Ҳаминро ҲНИТ ташвиқ мекунад, зеро бештар аз 95 дарсади мардуми кишвар мусалмонанд."

Озодӣ: Оё фикр намекунед, ки интихоби устод Нурӣ сари Кабирӣ хато буд ва оё воқеан васияти асосгузори ҳизб дар бораи раҳбари нав вуҷуд дошт ё хайр?

Мирзомуҳаммадии Навид: "Бо назардошти шахсиятҳо ва фазои пасазҷангӣ интихоби Кабирӣ аз сӯи устод сад дар сад дуруст буд. Васияташ ҳам буд. Бо ин вуҷуд, дар давоми чаҳор сол, фикр мекунам, шахсияти Кабирӣ ҳанӯз кушода нашудааст."

КАБИРӢ МЕРАВАД Ё МЕМОНАД?

Озодӣ: Ҷаноби Навид, 24-уми сентябр Анҷумани навбатии ҲНИТ баргузор мешавад ва раиси нав ҳам интихоб хоҳад шуд. Фикр мекунед, Кабирӣ меравад ё мемонад? Назаратон дар бораи омадани Муҳаммадҷон Нурӣ ба раҳбарии ҳизб чист?

Мирзомуҳаммадии Навид: "Дар марҳалаи ҳозир агар Кабирие, ки хеле таҷриба андӯхтааст, бимонад, беҳтар аст. Муҳаммадҷони Нурӣ ҳоло ҷавон аст ва рӯзгорнодида ва таҷриба ноандӯхта. Агар дар вуҷудаш қобилият ва истеъдоди роҳбарӣ бошад, ояндаҳо дар пешанд."

Озодӣ: Ҷаноби Навид, ҳоло шумо як корманди давлатӣ ҳастед, сарварии Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ба зимма доред. Хоҳ-нохоҳ мардум аз ин ба баъд хоҳанд гуфт, ки бо ишораи ҳукумат тарки ҳизб кардаед. Чӣ посух хоҳед гуфт?

Мирзомуҳаммадии Навид: "Шояд аз камҳавсалагӣ бошад, ҳаргиз дар орзу, ҳавас ва ҷунбуҷӯши расидан ба мансабе набудам. Роҳҳои машрӯъ ва ғайримашрӯи расидан ба мансабро шинохта будам, чун муовини вазири фарҳанг будам. Агар бо чанд нафари дигар муқоиса кунед, аслан ҳамин сифатро надорам. Ва расидан ба мансабро мақсади зиндагӣ қарор надодаам. Алҳамдулиллоҳ, ки ба қадри имконоти зеҳниам аҳли қалам ҳастам. Бо навиштани китобҳои худ аҳли китоб ҳам ҳастам. Барои ман муҳим заҳматҳои зеҳниам ҳаст. Ба хотири ин ки аз ҷомеа низ берун набошам, муддати зиёд аст, ки дар ин марказ кор мекунам. Имрӯз тасмим гирифтам, ки аз ҳизб равам, аммо инак, панҷ сол мешавад, ки сарвари Маркази тоҷикшиносӣ ҳастам."

"БОЗИЧАИ ДАСТИ ДИГАРОН НАБУДААМ..."

Озодӣ: Бубинед, ҳукумати Тоҷикистон дар асл хоҳони обрӯ гирифтани ҲНИТ нест. Ҳар фурсате ҳам истифода шуд, ки ин ҳизбро дар ҷомеа тундгарову террорист муаррифӣ кунанд. Агар аз Шумо хоҳанд, ки бештар зидди Кабириву ҲНИТ сӯҳбат кунед, қабул хоҳед дошт?

Мирзомуҳаммадии Навид: "Дар ҳеҷ давру замон, Худоро шукр, бозичаи дасти дигарон набудам. Мантиқеро ҳам дар ин намебинам, ки истифода шавам. Кабирӣ соҳиби ном аст, матраҳ аст. Аз худ дифоъ карда метавонад. Дар бораи ӯ аз худ чизе гуфтан боғараз аслан маъно надорад, зеро Кабирӣ шахси пинҳонӣ нест ва дар ҷомеа ошкор аст. Ҳоло ҳам агар дар дохили доираҳои расмиву ғайрирасмӣ ашхосе ҳастанд, ки раҳбарону аҳзоби сиёсиро бадном кардан мехоҳанд, ғалат мекунанд. Ин бар зарари миллат ва оромии ҷомеа аст. Душманони дохиливу хориҷии зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд ба Ҳизби наҳзат алқобе, ба монанди террористу экстремистро часпонанд. Аммо ҲНИТ исбот кард, ки як ҳизби мӯътадил, амалгаро, ҳадафманд, миллатшинос ва сирф миллӣ-мазҳабӣ аст."

Озодӣ: Агар Шуморо дубора даъват кунанд, ё ягон нафари дигар раҳбар шавад, бармегардед?

Мирзомуҳаммади Навид: "Ҳоло дар ин бора фикр накардаам. Чун рафтам, ҳадафҳои дигар ҳастанд, ки дунболи онҳо хоҳам рафт."

Озодӣ: Бо чӣ кор машғул хоҳед шуд?

Мирзомуҳаммадии Навид: "Инсон дар як марҳалаи умраш бо ҳодисае дучор меояд, ки фикраш дар бораи зиндагӣ дигар мешавад. Шахсияти худро ба гунаи дигар мебинад. Мехоҳад ислоҳ шавад. Бемории ман, ҳамин тавр, чашми маро кушод. Аз ин пас барои такмили шахси худ мекӯшам. Ин як. Дигар ин ки чанд китоби нашрношуда дорам ва китобҳое ҳам ҳастанд, ки бояд нависам. Ва боз чанд кори муҳими дигар. Пушти онҳо хоҳам шуд."
Мирзомуҳаммадии Мирзоҳодӣ, маъруф ба Навид, соли 1955 дар деҳаи Нӯшори ноҳияи Тоҷикобод дар оилаи рӯҳонии маъруф ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар деҳа хатм карда, ҳамзамон дар назди падар таҳсилоти фиқҳӣ гирифтааст.

Пас аз он ба Душанбе меояд ва асосан дар назди уламои динӣ ба таҳсил мепардозад. Ҳамзамон риштаи забону адабиёти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм мекунад.

Корманди "Минбари ислом", ҳафтаномаи қозиёти ҷумҳурӣ буд, ки сардабириашро Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба дӯш дошт. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар сафи ИНОТ дар ҳиҷрат буд ва бахши фарҳангии онро сарварӣ мекард.

Узви Комиссияи оштии миллӣ ва муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон то соли 2001 буд. Ҳоло сарвари Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аст. Дорандаи унвони Аълочии маорифи ҷумҳурӣ ва узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG