Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Универсиадаи XXVI: Ҷопон пешсаф, Тоҷикистон чӣ?


Дар Универсиадаи XXVI ҷаҳонии тобистона, ки дар шаҳри Шэнжэни Чин ҷараён дорад, пас аз натиҷагирии се рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 22 медал (7 тилло, 4 нуқра ва 11 биринҷӣ) дар ҷойи аввал мебошад.

Дастаи мунтахаби Чин бо касби 18 медал (7+4+7) дар ҷойи дуввум ва мунтахаби Русия бо касби 17 медал (6+4+7) дар ҷойи севум қарор доранд. Тими Укроин бо касби 8 медал (4+3+1) ҷойи чаҳорум ва дастаи Зеландияи Нав бо касби 6 медал (4+0+2) ҷойи панҷумро соҳиб шудаанд.

Умуман, варзишгарони 35 кишвар соҳиби медалҳо шудаанд ва намояндагони 18 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф гаштаанд.

Универсиадаи XXVI ҷаҳонии тобистона

Ҳисоби умумидастаӣ баъди се рӯзи мусобиқот:


1. Ҷопон - 22 (7+4+11)
2. Чин - 18 (7+4+7)
3. Русия - 17 (6+4+7)
4. Укроин - 8 (4+3+1)
5. Зеландияи Нав - 6 (4+0+2)
6. Кореяи Ҷанубӣ - 17 (3+9+5)
7. ИМА - 9 (3+4+2)
8. Италия - 9 (3+2+4)
9. Индонезия - 3 (2+1+0)
10. Литва - 3 (2+0+1)
11-12. Маҷористон - 2 (2+0+0)
11-12. Нидерланд - 2 (2+0+0)
13. Фаронса - 9 (1+3+5)
14. Швейтсария - 4 (1+2+1)
15. Лаҳистон - 4 (1+1+2)
16-17. Австралия - 3 (1+1+1)
16-17. Кореяи Шимолӣ - 3 (1+1+1)
18. Арманистон - 1 (1+0+0)
19-20. Испания – 3 (0+2+1)
19-20. Олмон - 3 (0+2+1)
21. Бразил - 4 (0+1+3)
22. Руминия - 3 (0+1+2)
23. Тайван - 2 (0+1+1)
24-26. Озарбойҷон - 1 (0+1+0)
24-26. Эстония - 1 (0+1+0)
24-26. Узбакистон - 1 (0+1+0)
27. Тайланд - 3 (0+0+3)
28-35. Алҷазоир - 1 (0+0+1)
28-35. Белгия - 1 (0+0+1)
28-35. Канада - 1 (0+0+1)
28-35. Чехия - 1 (0+0+1)
28-35. Миср - 1 (0+0+1)
28-35. Ҳонконг - 1 (0+0

Ба барномаи Универсиада 26 навъи варзиш шомил аст, ки 13 намуди он ҳатмист (варзиши сабук, баскетбол, шамшерзанӣ, футбол, гимнастикаи варзишӣ, гимнастикаи бадеӣ, шиноварӣ, ҷаҳидан ба об, ватерпол, теннис, волейбол, дзю-до ва тенниси рӯи миз).

Дар мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 150 кишвари ҷаҳон барои 306 маҷмӯи медалҳо то рӯзи 23-юми август мубориза хоҳанд бурд.

Тоҷикистонро дар Универсиадаи ҷаҳонӣ ду варзишгар – Фарҳод Қуралов ва Надима Мирзоева дар навъҳои варзиши сабук намояндагӣ мекунанд. Фарҳод дар давидан ба масофаи 800 метр ва Надима дар ниммарафон ширкат меварзанд.
XS
SM
MD
LG