Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бамгузориҳои Ироқ ҳудуди 60 нафар кушта шудаанд


Дар як силсила бамгузориҳо дар даҳҳо шаҳри Ироқ дасткам 60 нафар кушта, бештар аз 200 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар яке аз чунин бамгузориҳо дар маркази шаҳри Кут ду бам мунфаҷир ва 34 нафар кушта, 60 нафар маҷрӯҳ бар ҷой гузоштааст. Дар Наҷаф-шаҳри муқаддаси шиаҳо бамгузори интиҳорӣ мошини худро дар назди посгоҳи полис мунфаҷир сохтааст ва дар ин ҳодиса чаҳор нафар ҷон додаанд. Инфиҷори мошинҳои бамгузоришуда, ҳамлаҳои интиҳорӣ ва тарандозиҳо дар Тикриту Киркук ва Карбалову Бақуба даҳҳо нафари дигарро ба қатл расондааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG