Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хирс дар Камчаткаи Русия падару духтарро кушт


Дар ҳамин рӯзҳо дар Камчаткаи Русия як хирс ба ду сайёҳ, яъне ба падару духтар ҳамла бурдааст ва онҳоро куштааст. Бино ба гузоришҳо, ин хирс аввал ба падар ҳамла бурдааст ва дар ин вақт ба духтари 19-солаи вай муяссар шудааст, ки ба ҷангалбонон телефонӣ аз ин ҳамла хабар диҳад. Вақте, ки ҷангалбонон ба маҳали ҳодиса ҳозир шуданд, хирс падару духтарро кушта буд. Ҷангалбонон хирс ва се бачаи онро парронданд ва гуфтанд, хирс ва бачаҳояш хуни инсонро чашиданд ва мумкмн аст дар оянда ҳамин гуна ба одамон ҳамла оранд, барои ҳамин беҳтар аст кушта шаванд. Дар Камчаткаи Русия ҳамлаи хирсон ба одамон зуд-зуд мушоҳида мешавад, вале дар аксари маворид ба одамон муяссар мешавад, ки хирсҳоро тарсонанд ва онҳоро аз худ дур кунанд.
XS
SM
MD
LG