Пайвандҳои дастрасӣ

Бозпурсии фаъоли ҳуқуқ дар Узбакистон барои як мақола


Саида Қурбонова

Саида Қурбонова

Яке аз фаъолони ҳуқуқи башари Узбакистон мегӯяд, дирӯз вайро мақомоти интизомӣ барои навиштани мақолаи интиқодӣ дар бораи истифода аз кортҳои бонкӣ боздошт кардаанд. Ҳукумат аз шаҳрвандони Узбакистон тақозо кардааст, ки барои гирифтани пули нақд ва ё хариди молу коло аз мағозаҳо корти плостикии бонкҳои давлатиро истифода кунанд. Саида Қурбонова-фаъоли ҳуқуқи башар мегӯяд, вайро барои ин мақола ба дафтарои полиси ноҳияи Пахтакори вилояти Ҷиззах даъват кардаанд ва вай ҳамзамон ёдоварӣ мекунад, ки чӣ тавр афсарони полис, аз ҷумла муовини раиси полиси ноҳия вайро аз зинаҳо маҷбуран ба боло мекашидаанд. Баъд аз чанд соати бозпурсӣ вайро раҳо кардаанд.
XS
SM
MD
LG