Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико сохтмони хонаҳо дар Каронаи Ғарбиро нигаронкунанда хонд


Амрико мегӯяд, тасмими Исроил дар бораи сохтмони тақрибан 300 хона дар қаламравҳои ишғолии Каронаи Ғарбӣ “воқеан нигаронкунанда” аст ва бо талошҳо барои азсаргирии музокироти сулҳ бо Фаластин муғоират дорад. Хонум Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико ба хабарнигорон гуфт, “чунин кор мухолифи азсаргирии музокироти мустақим аст”. Вай гуфт, ки Амрико ин масъаларо бо ҷониби Исроил дар миён гузоштааст. Аммо дафтари Эҳуд Барак-вазири дифои Исроил гуфт, ба вазорат иҷоза дода шудааст, ки дар Ариел, яъне дар умқи қаламрави ишғолӣ 277 хона ё маҳалли яҳудинишин бино кунанд.
XS
SM
MD
LG