Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагиҳо дар Тунис ба музокироти Либия


Қаззофӣ билохира ба музокирот тан дод

Қаззофӣ билохира ба музокирот тан дод

Намояндаи дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун имрӯз ба хотири пайвастан ба музокироти байни давлати Муаммар Қаззофӣ ва чирикиҳо ба Тунис рафт. Вазири собиқи хориҷаи Урдун Абдуллоҳ ал-Хатиб гуфт, музокироти ояндаи Либия дар як меҳмонсарои пойтахти Тунис доир хоҳад шуд. Қаблан манобеъи наздик ба мақомоти амниятии Тунис гуфтанд, ки намояндагони ду ҷониби ҷанги Либия дар ҷазираи Ҷерба ҷамъ шудаанд.
Бо ин ҳол, мақомоти Миср мегӯянд, вазири дохилаи Либия Наср Мабрук Абдуллоҳ ҳамроҳ бо 9 узви хонаводааш имрӯз ба Қоҳира омад. Бино ба хабарҳо, ӯ ҳокими Либия Муаммар Қаззофиро тарк гуфтааст. Фирори вазир дар ҳолест ки чирикиҳои Либия мегӯянд, дар чанд рӯзи охир чанд шаҳр дар роҳи пойтахт –Троблусро ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG