Пайвандҳои дастрасӣ

Як марди рус ва духтараш рӯзи шанбе дар нимҷазираи Камчатка зоҳиран ҳадафи ҳамла ва тӯъмаи хирси малла шудаанд. Ин хирс, бино ба хабарҳо, ба хаймаи ин ду сайёҳ дар канори рӯди Паратунка ҳамла кардааст. Вақте хирс ба падараш ҳамла мекунад, духтари 19-солаи ӯ тавассути телефон ҷангалбонҳоро ба ёрӣ мехоҳад. Аммо вақте ҷангалбонҳо ба ин минтақа расиданд, хирс алакай ҳардуро кушта ва хӯрда буд. Мақомот хирс ва ҳарсе бачаи ӯро паррондаанд, чунки мегӯянд, онҳо, ки алакай маззаи гӯшти инсонро чашидаанд, метавонистанд дар оянда боз ба мардум ҳамла кунанд.
XS
SM
MD
LG