Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Аҳмад Рафъат, қозии додгоҳи раисиҷумҳури собиқи Миср Ҳуснӣ Муборак имрӯз ин мурофиаро бо муҳокимаи вазири собиқи умури дохила Ҳабиб Адлӣ як карда, то 5 сентябр ба таъвиқ гузошт ва пахши зиндаи ҷараёни додгоҳро низ манъ кард. Мубораки 83-сола бо иттиҳоми куштори эътирозгарон имрӯз ҳам дар рахти равон ба додгоҳ эҳзор шуд. Дар ҷараёни эътирозҳои зидди Муборак ҳудуди 850 тан кушта шуданд ва агар бо амри Муборак анҷом шудани ин қатлҳо собит шавад, ӯ метавонад ҳатто маҳкум ба эъдом шавад. Мубораку фарзандонаш Ало ва Ҷамол ба фасод низ айбдор мешаванд.
XS
SM
MD
LG