Пайвандҳои дастрасӣ

“Google”- бузургтарин ширкати интернетии ҷаҳон ширкати амрикоии телефонсозии “Motorola Mobility”-ро дар баҳои 12,5 миллиард доллар хоҳад харид. Ин бузургтарин хариди “Google” хоҳад шуд. Ҳарду ҷониби муомила эълон кардаанд, ки “Google” ҳар саҳмияи “Motorola Mobility”-ро 40-долларӣ, яъне 63 дарсад баландтар аз нархи рӯзи ҷумъааш дар бозор харидорӣ хоҳад кард. “Motorola Mobility” мояи январ аз ширкати мухобиротии “Motorola” ҷудо шуд. Ин ширкат дар ин авохир дар бозор ба рақобати шадиде аз сӯи “Apple” ва ширкатҳои телефонсозии Осиё рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG