Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози ҷадид дар Бишкек


Чандсад эътирозгар имрӯз дар Бишкек ба вакилони парлумони Қирғизистон ҳамла карда, монеъи кори маҷлис шудаанд. Тазоҳургарон пеши роҳҳои вуруд ба бинои парлумонро гирифта, бархе вакилонро ҳангоми вуруд латукӯб карданд. Мояи эътирози мардум қарори ҳафтаи гузаштаи парлумони Қирғизистон ҷиҳати аз боздоштгоҳ раҳо кардану таҳти ҳабси хонагӣ қарор додани вазири собиқи дифоъ Вақтибек Қалиев буд. Қалиев ба судури амри тирборони эътирозгароне, ки моҳи апрели соли гузашта бо талаби истеъфои раҳбари вақти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев гирди ҳам омада буданд, айбдор мешавад. Талаби тазоҳургарони имрӯза ба боздоштгоҳ пас фиристодани Қалиев ва ҳам лағви қарори тасвиби қозиҳое буд, ки бовар меравад, аз Боқиев тарафдорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG