Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯришиёни Либия ду шаҳри муҳими наздик ба пойтахти ин кишварро зери тасарруф дароварданд.

Размандагони мухолифи ҳукумати Муаммар Қаззофӣ ба ду шаҳри стратегии атрофи пойтахти Либия дохил шуда, саъй доранд, роҳҳои интиқоли мавод ба шаҳри Троблусро таҳти тасарруфи худ қарор диҳанд.

Вале Қаззофӣ, ки тӯли 42 соли ахир раҳбарии Либияро бар дӯш доштааст, пайравонашро ба раҳоии кишвар аз таҷовузи паймони НАТО даъват кардааст.

ФИРОРИ ВАЗИРИ УМУРИ ДОХИЛӢ

Мақомоти Миср мегӯянд, вазири умури дохилии Либия ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш ба Қоҳира омадааст. Ин дар пайи хабарҳоест, ки мегӯянд, Наср Мабрук Абдуллоҳ сафи тарафдорони ҳокими Либия Муаммар Қаззофиро тарк гуфтааст.

Мақомоти фурудгоҳи Қоҳира мегӯянд, ки ӯ ва 9 узви хонаводааш имрӯз ба пойтахти Миср расиданд. Мақомот бидуни бурдани ном гуфтаанд, вазири Либия тавассути як ҳавопаймои вижа аз Тунис омада, ба мақомоти Миср гуфтааст, ки дар як “сафари сайёҳӣ” қарор дорад.

Вале касе аз сафорати Либияро ӯро дар фурудгоҳ пешвоз нагирифт.

ИШҒОЛИ ДУ ШАҲР АЗ ТАРАФИ ШӮРИШИЁН

Ошӯбгарони мухолифи ҳукумати Либия иддао доранд, ки ду шаҳри стратегиро таҳти тасарруфи худ дароварда, пойтахти кишвар шаҳри Троблус ё худ Триполиро дар иҳота қарор додаанд.

Сухангӯи ошӯбгарон мегӯяд, мухолифон шаҳрҳои Сурмон ва Ғарён воқеъ дар 80 километрии ҷануби шаҳри Троблусро ишғол кардаанд. Бар илова охири ҳафтаи гузашта ошӯбгарон дар ғарби Троблус низ пешрафт намуда, бархӯрдҳои мусаллаҳона дар шаҳри Зовия, дар 50-километрии ғарби пойтахти Либия идома доранд.

Дастовардҳои ахири ошӯбгарон зарбаи шадиди равонӣ ба режими Қаззофӣ ба шумор меравад. Қиёми ошӯбгарон, ки ним сол инҷониб бо кумаки паймони НАТО идома дорад, ду моҳи ахир тақрибан бетағйир буд.

Рӯзи якшанбе ошӯбгарон ба Зовия дохил шуда, парчами худро дар яке аз биноҳои канори бозори марказии ин шаҳр афрохта буданд.

Вале нерӯҳои содиқ ба Қаззофӣ низ дар дохили шаҳр қарор дошта, тирпарронии ду тараф ба гӯш мерасид.

ИДОМАИ НАБАРДҲО

Дар чанд рӯзи гузашта ошӯбгарон аз теппаҳои назди марзи Либияву Тунис то шаҳри соҳилии Зовия пешрафт кардаанд. Онҳо иддао мекунанд, ки то охири моҳи равон режими Қаззофиро аз байн мебаранд.

Ҷумъа Иброҳим сухангӯи ошӯбгарон мегӯяд, вазифаи онҳо ишғоли роҳҳои асосии икмолоти режими Қаззофӣ аз шарқ ва ғарб мебошад. Ба ин восита интиқоли ғизо, маводи сӯхт ва силоҳ ба пойтахти Либия қатъ хоҳад шуд.

Умар Убайд-фармондеҳи саҳроии ошӯбгарон дар минтақаи Саброта, воқеъ дар 32 километрии ғарби Зовия, дар канори роҳи асосии икмолоти режими Қаззофӣ мавқеъ гирифтааст. Ин роҳ тавассути гузаргоҳи Раъс Аҷдир ба Тунис мерасад.

Ба ин тартиб агар ошӯбгарон шаҳри Зовияро таҳти тасарруфи комили худ қарор диҳанд, роҳҳои таъминоти режими Либия баста хоҳад шуд.

ПАЁМИ ТОЗАИ ҚАЗЗОФӢ

Рӯзи якшанбе дар як паёми худ Қаззофӣ аз ҳаводоронаш даъват кард, ки барои ба истилоҳ “раҳоии Либия аз хоинон қиём кунанд”. Вай афзуд: “Мардуми Либия ва инқилоби Фотеҳи соли 1969 побарҷо хоҳанд монд. Ба пеш ҳаракат кунед! Силоҳи худро бигиред ва барои раҳоии Либия аз хоинон ва таҷовузи паймони НАТО ҷадал кунед.”

Паёми Қаззофӣ тариқи телефон сабт шудаву дар телевизион танҳо акси ӯ намоиш дода шуд. Шореҳон ин паёмро намоиши заъфи режими Қаззофӣ номидаанд.

Шаби як шанбе хабаргузориҳои ғарбӣ аз нақли намоядагони режими Қаззофӣ хабар доданд, ки дар яке аз меҳмонсароҳои шаҳри Ҷербаи Тунис музокироти ҳайати режими Қаззофӣ бо ошӯбгарон ҷараён дорад. Вале Мӯсо Иброҳим сухангӯи ҳукумати Либия гуфт, ки ҳеҷ гуна музокирот бо ошӯбгарон ҷой надорад ва афзуд, ки хабаргузориҳои ғарбӣ бо ҳадафи шикастани рӯҳияи мардуми Либия ахбори барғалат паҳн мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG