Пайвандҳои дастрасӣ

"Сафар"-и як вазири Қаззофӣ ба Қоҳира


Қаззофӣ танҳотар шуд

Қаззофӣ танҳотар шуд

Мақомоти Миср мегӯянд, вазири умури дохилаи Либия ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш ба Қоҳира омадааст. Ин дар пайи хабарҳоест, ки мегӯянд, Наср Мабрук Абдуллоҳ ҳокими Либия Муаммар Қаззофиро тарк гуфтааст. Мақомоти фурудгоҳи Қоҳира мегӯянд, ки ӯ ва 9 узви хонаводааш имрӯз ба пойтахти Миср расиданд. Мақомот бидуни бурдани ном гуфтаанд, вазири Либия тавассути як ҳавопаймои вижа аз Тунис омада, ба мақомоти Миср гуфтааст, ки дар як “сафари сайёҳӣ” қарор дорад. Вале касе аз сафорати Либия ӯро дар фурудгоҳ пешвоз нагирифт. Ин дар ҳолест ки чирикиҳои Либия мегӯянд, тайи рӯзҳои охир чанд шаҳр дар роҳи пойтахт –Троблусро ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG