Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи саркӯбии эътирозҳо дар вилояти Ҳумс


Асароти шилликборони дирӯзаи Лозиқия

Асароти шилликборони дирӯзаи Лозиқия

Имрӯз ба дунболи вориди чанд шаҳри вилояти марказии Ҳумс шудани тонкҳову нирӯҳои артиши Сурия дар бораи оташи тӯпхонаҳо аз ин манотиқ гузориш мешавад. Ду гурӯҳи ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, тонкҳо вориди шаҳри Ҳула шуда, сарбозон таҳти ҳимояти оташи тонкҳо ба боздоштҳо пардохтаанд. Аз Лозиқия имрӯз ҳам дар бораи садои тӯпхонаҳо гузориш расид. Ин шаҳри бандарӣ дирӯз барои бори аввал тавассути киштиҳои ҷангӣ шилликборон шуд. Ба гуфтаи фаъолон, аз рӯзи шанбе дар Лозиқия 27 нафар ҷон бохтаанд. Ҷамъи кушташудагон дар зарфи 6 моҳи эътирозҳои алайҳи режими Башор Асад дастикам 1700 нафар гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG