Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷилавгирӣ аз як қасди ҳамлаи террористӣ дар Русия


Бортников дар дидор бо Медведев (18 июл)

Бортников дар дидор бо Медведев (18 июл)

Бино ба гузориши рӯзномаи «Коммерсант»-и чопи Маскав, нирӯҳои амниятии Русия аз қасди як гурӯҳи исломгаро ба таркондани қатори пурсуръати Маскав-Санкт-Петербург пешгирӣ кардаанд. Дар ноябри соли 2009 бар асари инфиҷор дар як чунин қатор, ки масъулияташ низ ба дӯши чирикиҳои исломӣ гузошта шуд, 26 нафар кушта шуда буд. «Коммерсант» менависад, ҷангиён аз Қафқози шимолӣ алакай бомбро ба даст оварда, дар мароҳили ниҳоии омодагӣ ба ҳамла қарор доштанд, ки аз сӯи маъмурони ФСБ боздошт шуданд. Раҳбари ФСБ Николай Бортников рӯзи 18 июл ба раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев аз хунсо шудани як «ҳамлаи бузурги террористӣ» дар минтақаи Маскав хабар дода буд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ҷангиён маконҳои ҷамъиятӣ ва «зербинои нақлиётӣ» буд.
XS
SM
MD
LG