Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборак дигарбора ба додгоҳ эҳзор шуд


Раисиҷумҳури собиқи Миср Ҳуснӣ Муборак имрӯз бо иттиҳоми куштори эътирозгарон дубора ба додгоҳ эҳзор шуд. Агар бо амри Муборак анҷом шудани ин қатлҳо собит шавад, ӯ метавонад ҳатто маҳкум ба эъдом шавад. Мубораку фарзандонаш Ало ва Ҷамолро ҳамчунин ба фасод айбдор мекунанд, вале онҳо ин иттиҳомотро радд мекунанд. Муборак бемори бистарист ва ӯро ин бор ҳам дар рахти равон ба додгоҳ эҳзор карданд. Дар ҷараёни эътирозҳои зидди Муборак дар аввали сол ҳудуди 850 тан кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG