Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чирикиҳои Либия боз 2 шаҳрро ба даст оварданд


Чирикиҳои Либия мегӯянд, вориди боз ду шаҳри калидӣ дар роҳи пойтахт –Троблус шудаанд. Сухангӯи чирикиҳо Абдусалом Усмон гуфт, Сурмон дар ғарби пойтахт ва Ғарён дар ҷануб «таҳти назорати комил»-и онҳо омадаанд. Ҷангҳо барои Зовия, дар ҳамагӣ 50-километрии пойтахти Либия дирӯз ҳам идома дошт. Сухангӯи давлат ин иддаои чирикиҳоро радд мекунад, вале ҳокими Либия Муаммар Қаззофӣ аз тарафдоронаш даъват кард, «ба ҷанг барои раҳоӣ»-и шаҳрҳои таҳти назорати чирикиҳо омода шаванд: «Қиём кунед. Силоҳҳои худро бигиред. Биҷангед, то Либияро аз хоинон озод кунед. Барои набард омода шавед.”
Пирӯзиҳои чанд рӯзи охири чирикиҳо дар самти Зовия баъд аз чанд моҳи адами ягон пешрафт дар ҷабаҳоти ҷанги Либия аст.
XS
SM
MD
LG