Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар навъи гуштии камарбандӣ, ки дар Аштархони Русия гузашт, 3 медал – як нуқра ва ду биринҷӣ - ба даст оварданд. Дар ин мусобиқот паҳлавонони аз 18- то 20-сола ширкат кардаанд. Азиз Қаробоев аз Истаравшан дар вазни 68 кило соҳиби нишони нуқра ва Имомалӣ Каримзода аз ноҳияи Ҷаббор Расулов дар вазни 82 кило ва Мусулмонқул Мустафоқулов аз Шаҳристон дар вазни 62 кило сазовори нишонҳои биринҷии ин мусобиқот шуданд. Гуштии камарбандӣ асосан дар вилояти Суғд рушд кардааст ва Федеросиюни ин навъи гуштӣ дар Тоҷикистон беш аз 1500 паҳлавонро муттаҳид мекунад.
XS
SM
MD
LG