Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 19 август тарҳи қонуни афвро баҳс хоҳад кард. Сухангӯи парлумон Муҳаммадато Султонов ба Радиои Озодӣ гуфт, иҷлоси ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон ба ҳамин рӯз таъйин шудааст. Тарҳи қонуни афв аз сӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз рӯзи 26 июл ба парлумон ироа шуда буд. Қарор аст, ин қонуни афв, ки ба муносибати солгарди 20-уми истиқлоли Тоҷикистон эълон мешавад, то 15 000 маҳбусу муҷрим, аз ҷумла барои бори аввал ҷангиёни Маҳмуд Худойбердиевро фаро бигирад. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё маҳбусони сиёсие, чун Ёқуб Салимов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ё Ғаффор Мирзоев низ афв хоҳанд шуд ё боз ҳам на.
XS
SM
MD
LG