Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии як сокини Шӯрообод аз банди қочоқбарон


Tajikistan -- Entrance of Shuroobod district, Khatlon region, 22Jul2011

Tajikistan -- Entrance of Shuroobod district, Khatlon region, 22Jul2011

Мақомоти интизомии Тоҷикистон як сокини Шӯроободро аз гаравгонии қочоқбарони афғон озод кардаанд.

Амирхон Имомов, сокини Шӯрообод, ҳангоми ҷамъоварии ҳосили ғалладона аз мавзеи Навободи деҳаи Қавоқ тавассути қочочқбарони афғон рабуда шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз мақомоти интизомии ноҳияи Шӯрообод гуфт, феълан дар мавзеъҳои душворгузари ин ноҳия амалиёти нерӯҳои интизомӣ алайҳи марзшиканон ва қочоқчиёни афғон идома дорад.

Ин тасмими мақомот дар ҳолест, ки аз аввали соли ҷорӣ чаҳор ҳолати гаравгонгирии сокинони маҳаллӣ аз тарафи қочоқчиёни афғон сабт шудааст.

Давлат Сафаров, як сокини ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, аксари сокинони ноҳия аз ҳамкорӣ бо мақомот барои мубориза бо қочоқчиён тарс доранд. Зеро ба гуфтаи ӯ, қочоқчиёни афғон рӯзе аз онҳо қасос хоҳанд ситонид. Аз сӯи дигар, мегӯяд ҷаноби Сафаров, мақомот онҳоро барои расонидани ин хабар ҳафтаҳо мавриди бозпурсӣ қарор медиҳанд.

Хосият, як зани дигари маҳаллӣ мегӯяд, даҳсолаҳост онҳо дар деҳаи наздимарзӣ бо тарс ба сар мебаранд. Ӯ мегӯяд, аз мақомот хоҳиш дорад, то марзро хуб нигаҳбонӣ кунанд, ки сокинон зиндагии ором дошта бошанд.

Тайи чанд соли ахир барои берун кардани қочоқчиён дар ноҳияи Шӯрообод амалиёт гузаронида мешавад, аммо бо гузашти чанд моҳ аз амалиёт онҳо дубора вориди хоки Тоҷикистон мешаванд. Набудани роҳи мошингард дар хатти марзи ҳудуди ин ноҳия ва кӯҳу ҷангали касногузар ҳамоно нигаҳбонии онро душвор мегардонад.

Бо он ки рафту омади қочоқбарони маводи мухаддир ва тундравони исломӣ дар марз монеи пешрафти равобити Тоҷикистону Афғонистон шуда, вазъияти амниятии марзҳои ин ду кишварро низ хеле хатарнок сохтааст.

Дар ҳоле ки ҳукумати Тоҷикистон ба манзури назорат аз манотиқи марзӣ хоҳони кӯмаки Иттиҳодияи Аврупо шудааст, сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе марзи миёни Афғонистону Тоҷикистонро хатти аввали ҷабҳа хондааст.

Назорат ва муҳофизат аз марз барои нерӯҳри амниятии маҳдуди Тоҷикистон, кишвари Иттиҳоди Шӯравии собиқ, як вазифаи хеле бузург ба шумор меравад.

Дар гузашта ин марз тавассути 40 ҳазор аскари Шӯравӣ муҳофизат карда мешуд ва пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ин рақам ба таври қобили мулоҳиза пойин омад. Як мақоми САҲА, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, дар ҳоли ҳозир фақат 4 ҳазор аскар 2 бо чархбол марзҳоро назорат мекунанд.
XS
SM
MD
LG