Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Универсиадаи XXVI ҷаҳонии тобистона, ки дар шаҳри Шэнжэни Чин ҷараён дорад, пас аз натиҷагирии ду рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Чин бо касби 11 медал (5 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи аввал мебошад.

Дастаи мунтахаби Ҷопон бо касби 14 медал (5+1+8) дар ҷойи дуввум ва мунтахаби Русия бо касби 11 медал (3+3+5) дар ҷойи севум қарор доранд. Тими Куриёи Ҷанубӣ бо касби 9 медал (2+4+3) ҷойи чаҳорум ва дастаи Укроин бо касби 5 медал (2+2+1) ҷойи панҷумро соҳиб шудаанд.

Ба барномаи Универсиада 26 навъи варзиш шомил аст, ки 13 намуди он ҳатмист (варзиши сабук, баскетбол, шамшерзанӣ, футбол, гимнастикаи варзишӣ, гимнастикаи бадеӣ, шиноварӣ, ҷаҳидан ба об, ватерпол, теннис, волейбол, дзю-до ва тенниси рӯи миз).

Дар мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 150 кишвари ҷаҳон барои 306 маҷмӯи медалҳо то рӯзи 23-юми август мубориза хоҳанд бурд.

Тоҷикистонро дар Универсиадаи ҷаҳонӣ ду варзишгар – Фарҳод Қуралов ва Надима Мирзоева намояндагӣ мекунанд.

Ҳарду варзишгари тоҷик дар навъҳои варзиши сабук қувваозмоӣ хоҳанд кард. Фарҳод дар давидан ба масофаи 800 метр ва Надима дар ниммарафон ширкат меварзанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG