Пайвандҳои дастрасӣ

Фиръавн дар қафас. Идомаи мурофиаи Ҳуснӣ Муборак


Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳури пешини Миср, ки дар пайи тазоҳуроти густурдаи мардуми кишвараш аз мақоми раисиҷумҳурӣ канор рафт ва ҳоло дар додгоҳ посух мегӯяд...

Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳури пешини Миср, ки дар пайи тазоҳуроти густурдаи мардуми кишвараш аз мақоми раисиҷумҳурӣ канор рафт ва ҳоло дар додгоҳ посух мегӯяд...

Имрӯз муҳокимаи раисиҷумҳури пешини Миср дар додгоҳ бо иттиҳоми саҳм доштан дар куштори тазоҳуркунандагон идома пайдо мекунад.

Агар айбномаи Ҳуснӣ Муборак дар содир кардани фармони куштори тазоҳуркунандаогон собит шавад, ӯ ба эъдом маҳкум хоҳад шуд. Вай ҳамчунин барои ришвахорӣ муттаҳам дониста мешавад.

Ҳамроҳ бо Муборак ду писараш ҳам ба ришвахорӣ муттаҳам дониста шудаанд ва дар мурофиа ширкат мекунанд.




Ҳамчунин, собиқ вазири корҳои дохилӣ Ҳабиб ал-Адлу ва шаш фармондеҳи пешини нерӯҳои амниятии Миср низ бо амри куштори беш аз 850 эътирозгар дар майдони “Таҳрир”-и Қоҳира муттаҳам мешаванд.

Ошӯби зиддиҳукуматӣ дар Миср, ки дар ибтидои соли ҷорӣ оғоз ёфта буд, ҳукуматдории тахминан 30-солаи Муборакро ба поён бурд.

Нахустин мурофиаи додгоҳии Ҳуснӣ Муборак рӯзи 3-юми августи соли ҷорӣ дар Қоҳира оғоз ёфта буд.

Мубораки 83-сола ва муттаҳамҳои дигарро дар дохили катаки бузург ҷой дода буданд. Раисҷумҳури собиқ хеле беҳолу бемадор ба чашм мехӯрд ва ӯро ҳамроҳ бо рахти хобаш ба додгоҳ оварда буданд. Мурофиа тавассути телевизон дар саросари Миср намоиш дода шуд.

Муборак аввалин раҳбари араб аст, ки дар ҷараёни ошӯбҳои ахир ба додгоҳ кашида мешавад. Ӯ гуфтааст, ки то охири умр дар қаламрави Миср хоҳад буд.

Вале Зайналобидин бин Алӣ, собиқ раҳбари Тунис баъди шикаст ба Арабистони Саудӣ фирор кард. Мурофиаи собиқ раҳбари Тунис бидуни ширкати ӯ доир шуд ва бин Алӣ дар ғиёб ҳукм гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG