Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯришиёни Либия мехоҳанд роҳи Троблусро ба контрол дароранд


Шӯришиёни Либия мегӯянд, онҳо ду шаҳраки стротегиро, ки дастрасӣ ба контроли Тороблусро фароҳам мекунад, ба назорати худ даровардаанд. Яке аз ин шаҳракҳо дар 50 километрии ҷануби ғарби Троблус ва дигарӣ дар 80 киломерии ғарби Троблус қарор доранд. Ҷумъа Иброҳим-сухангӯи шӯришиён дар кӯҳистонҳои ғарбӣ мегӯяд, размандагони вай дар ҳоли пешрафт ба сӯи роҳи аслии Троблус мебошанд ва метавонанд ин роҳро бибанданд, роҳеро, ки таъминоти Троблус-пойтахти Либия аз ин тариқ мерасад.
XS
SM
MD
LG