Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербистон мехоҳад аз эъдоми шаҳрванде пешгирӣ шавад


Ҳукумати Сербистон аз додгоҳи Невадаи Амрико хостааст, ки аз эъдоми як шаҳрванди Сербистон худдорӣ кунанд, зеро ба консулгарии Сербистон соли 1994 тибқи қонунҳои байналмиллалӣ аз боздошти шаҳрванд Аврам Ника хабар надодаанд. Ника соли 1994 барои куштор боздошт шудааст ва ҳоло додгоҳ дар бораи қатли вай ҳукм содир кардааст. Аммо додгоҳи маҳаллии Невада мегӯяд, дар он вақт консулгарӣ вуҷуд надошт, то бо онҳо тамос гиранд, зеро Югославия аз байн рафта буд ва ба таври расмӣ кишвари дигаре аз он намояндагӣ намекард. Сербистон он вақт вуҷуд надошт.
XS
SM
MD
LG