Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Миср фаъоли ҳуқуқи башарро бо васиқа раҳо карданд


Додситонии низомии Миср Асмо Маҳфуз -фаъоли шинохтаи занони ин кишварро барои тӯҳмату таҳрики беназмиҳо бар зидди генералҳои ҳоким маҳкум кардааст. Иддао мешавад, ки Асмо Маҳфуз ин корҳоро тавассути сомонаҳои ғайридавлатии интернетӣ анҷом додааст. Алӣ Отиф-вакили мудофеи вай гуфтааст, парвандаи Асмо Маҳфуз яке аз чеҳраҳои инқилоби Миср “ҳушдор”-е ба фаъолони дигар аст, ки низомёнро ба боди интиқод гирифтаанд. Маҳфуз рӯзи якшанбе баъд азт чаҳор соати бозпурсӣ бо пардохти 3 400 доллар васиқа раҳо шуд. Отиф гуфтааст, фаъолони ҳуқуқи башар ин маблағро ҷамъоварӣ кардаанд ва Маҳфузро раҳо кардаанд, то бубинанд додгоҳ чӣ тасмим мегирад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG