Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон ба чиноиҳо иҷоза додааст, ки аз чархбол акс гиранд


Тибқи навиштаи рӯзномаи "Financial Times"-чопи Британия, Покистон ба мақомоти Чин пешниҳод кардааст, ки онҳо метавонанд ба пораҳои чархболи амрикоӣ, ки дар ҷараёни амалиёти нируҳои командос ба сонеҳа дучор шуд, дастрасӣ дошта бошанд. Ин чархбол ва ин нируҳо дар амалиёти куштори Усома Бен Лоден дар моҳи май ширкат карда буданд. Аммо CIA ё ЦРУ-и Амрико ба Покистон пешниҳод кардааст, ки аз ин тасмим даст кашад. Рӯзнома аз номи як мақоми кашфи Покистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кардааст, навиштааст, ки кормандони кашфи Покистон ба низомиёни Чин иҷоза додаанд, ки пораҳои чархболро аксбардорӣ кунанд ва аз хоки он ҷо бо худ намуна бигиранд. Аммо мақомоти кашфи Покистон ин навиштаро инкор мекунанд.
XS
SM
MD
LG