Пайвандҳои дастрасӣ

Фаластин хостори эътирофи истиқлолаш мешавад


Фаластиниҳо бо девори мухолифати Исроил рӯбарӯянд

Фаластиниҳо бо девори мухолифати Исроил рӯбарӯянд

Мақомоти Фаластин ба Шӯрои амнияти СММ аризаи расмӣ дар бораи эътирофи мустақилияти минтақаро ироа карданианд. Дар ин бора намояндаи ҳукумати Фаластин Ҳанон Ашравӣ хабар дод.

Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ИМА, ки мухолифи эътирофи якҷонибаи истиқлоли Фаластин аст, аз ҳаққи ветои худ истифода накарда, дар раъйдиҳӣ аз бетарафӣ кор мегирад.

Аз ин пеш мақомоти идораи худгардони Фаластин изҳор карда буданд, ки хостори баррасии мавзӯъи истиқлоли минтақа дар Маҷмааи кулли СММ хоҳанд шуд.

Исроил ба ин иқдом мухолиф аст ва мегӯяд, ки ҳама масоили марбут ба мақоми расмии Фаластин бояд дар музокирот ҳаллу фасл шавад.
XS
SM
MD
LG