Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониён дар Чорикор ба 22 нафар расид


Мақомоти Афғонистон ахбори ниҳоӣ дар бораи талафот бар асари ҳамлаи ҷангиёни Толибон ба муассисаҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла, дафтари волии вилояти Парвонро нашр карданд.

Бар асари инфиҷорҳои маргталабона ва тирандозӣ 22 нафар - 16 тан аз кормандони ҳукуматӣ ва шаш полис кукшта шудаанд. Дар ин ҳодиса 34 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Дар ҳамла ба шаҳри Чорикор, маркази вилояти Парвон, ки тақрибан дар 60 километрии Кобул воқеъ аст, шаш маргталаб ширкат доштанд. Яке аз онҳо худро дар даромадгоҳи дафтари волӣ инфиҷор кардааст.

Хабаргузории Рейтер бо такя ба гуфтаҳои шоҳидон навиштааст, ки дар шаҳр панҷ таркиши мудҳиш ба амал омад, волии Парвон Абдул Басири Солангӣ дар бораи шаш маргталаб хабар додааст. Ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки дар қароргоҳи волӣ нишасти раҳбарони сохторҳои амниятӣ идома дошт.
XS
SM
MD
LG