Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар як шаҳри Покистон 12 кушта бар ҷой гузошт


Таркиш дар як меҳмонсаро дар як шаҳраки воқеъ дар шарқи шаҳри Кветта, маркази вилояти Балуҷистони Покистон, дасти кам 12 кушта бар ҷой гузошт.

Дар ин ҳодиса беш аз 20 нафари дигар маҳрӯҳ шудаанд. Бар асари таркиш бинои дуошёнаи меҳмонсаро фурӯ рехт. Айни ҳол корҳои наҷотбахшӣ дар ҷойи ҳодиса идома доранд, ҳадс зада мешавад, ки чанд каси дигар зери харобаҳо мондаанд.

Масъулияти таркишро то ҳол ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст.

Аз ин пеш бар асари мушакборони қароргоҳи артиш дар шаҳри Мироншоҳ, маркази вилояти Вазиристони шимолӣ, дасти кам се низомии покистонӣ кушта ва 25 нафар маҷрӯҳ шуда буданд. Дар ин минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон солҳо боз ҷангиёни «Ал-Қоида» ва толибон панаҳ мебаранд.
XS
SM
MD
LG