Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон масъулияти ҳамла ба Чорикорро бар дӯш гирифтанд


Вазорати умури дохилии Афғонистон хабар дод, ки теъдоди қурбониён бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба муассисаҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла, қароргоҳи волии вилояти Парвон ба 19 нафар расид. Дар ин ҳодиса беш аз 30 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Дар ҳамла ба шаҳри Чорикор, маркази вилояти Парвон, ки тақрибан дар 60 километрии Кобул воқеъ аст, чанд маргталаб ҳам ширкат доштанд.

Хабаргузории Рейтер бо такя ба гуфтаҳои шоҳидон навиштааст, ки дар шаҳр панҷ таркиши мудҳиш ба амал омад ва ба думболи он тирпарронӣ сурат гирифт. Волии Парвон Абдул Басири Солангӣ дар бораи шаш маргталаб хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки дар қароргоҳи волӣ нишасти раҳбарони сохторҳои амниятӣ идома дошт.

Масъулияти ҳамла ба шаҳри Чорикорро ҷунбиши "Толибон" бар дӯш гирифт.
XS
SM
MD
LG