Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати беш аз 20 нафар дар ҳамлае дар вилояти Парвон


Абдул Басири Солангӣ, волии Парвон, ки дар ҳамлаи интиҳории рӯзи 14-уми август осеб надидааст
Абдул Басири Солангӣ, волии Парвон, ки дар ҳамлаи интиҳории рӯзи 14-уми август осеб надидааст

Бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар вилояти Парвони Афғонистон беш аз 70 тан куштаву захмӣ шудаанд.

Бар асари инфиҷорҳои маргталабона ва тирандозӣ 22 нафар - 16 тан аз кормандони ҳукуматӣ ва шаш пулис кушта шудаанд. Дар ин ҳодиса 34 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Дар ҳамла ба шаҳри Чорикор, маркази вилояти Парвон, ки тақрибан дар 60-километрии шаҳри Кобул воқеъ аст, чанд маргталаб ҳам ширкат доштанд.

Хабаргузории "Ройтерз" бо такя ба қавли шоҳидон менависад, ки дар шаҳр панҷ таркиши мудҳиш ба амал омад ва ба дунболи он тирпарронӣ сурат гирифт.

Волии Парвон, Абдул Басири Солангӣ, дар бораи шаш маргталаб хабар додааст. Ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки дар қароргоҳи волӣ нишасти раҳбарони сохторҳои амниятӣ идома дошт. Масъулияти ҳамла ба шаҳри Чорикорро ҷунбиши "Толибон" бар дӯш гирифт.

Моҳҳои ахир Парвон яке аз вилоятҳои нисбатан амну ороми Афғонистон маҳсуб мешуд.
XS
SM
MD
LG