Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти Борис Немтсов дар Санкт-Петербург


Борис Немтсов

Борис Немтсов

Дар шаҳри Санкт-Петербург Борис Немтсов, ҳамраиси ҳизби сабтиномнашудаи ПАРНАС , Ҳизби озодии мардумии Русия боздошт шуд.

Кормандони полис сиёсатмадорро дар ҳоле дастгир карданд, ки ӯ варақаҳо бо даъвати раъйдиҳӣ муқобили мири Санкт-Петербург Валентина Матвиенко дар ҳавзаҳои интихоботии «Красненкая речка» ва «Петровский»-ро паҳн мекард. Интихобот дар ин ҳавзаҳо рӯзи 21 август баргузор мешавад.

Мақомоти полиси Санкт-Петербург сабаби боздошти Немтсовро бо «тарғиботи ғайриқонунӣ» марбут карданд.

Мири шаҳри Санкт-Петербург Валентина Матвиенко бояд соҳиби мандати депутатӣ шавад ва имкони узви Шӯрои Федератсия интихоб шуданро пайдо кунад. Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба ӯ пешниҳоди раёсати Шӯрои Федератсияро кардааст.
XS
SM
MD
LG