Пайвандҳои дастрасӣ

Дар фурӯрезии саҳна дар Индианаполис 4 кас кушта шуданд


Теъдоди қурбониён ҳангоми фурӯ рехтани саҳна дар як намоишгоҳ дар шаҳри Индианаполиси аёлати Индианаи ИМА ба чаҳор нафар расид. Дар ин ҳодиса беш аз 40 нафар, аз ҷумла, чанд кӯдак, маҷрӯҳ шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, вазъи чанд нафар хело вазнин аст. Корҳои ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ идома доранд, ҳадс зада мешавад, ки чанд нафар зери оворҳо мондаанд.

Ин ҳодиса бар асари бархостани тундбоди ғайриинтизор ба вуқӯъ пайваст. Фурӯрезии бахшҳое аз саҳна дар ҳоле шурӯъ шуд, ки тамошобинон интизори ҳунарнамоии гурӯҳои маъруфи мусиқии Sugarland буданд.
XS
SM
MD
LG