Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба Мироншоҳ се низомии покистонӣ ҷон бохтанд


Бар асари мушакборони қароргоҳи артиш дар шаҳри Мироншоҳ, маркази вилояти Вазиристони шимолӣ, дасти кам се низомии покистонӣ кушта ва 25 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Дар ин минтақа солҳо боз ҷангиёни «Ал-Қоида» ва толибон панаҳ бурдаанд.

ИМА борҳо аз мақомоти Покистон даъват кардааст, ки барои аз байн бурдани гурӯҳҳои ифротгаро дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон аз ҳама чораҳои мумкин кор бигиранд.
XS
SM
MD
LG