Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи даргириҳо барои шаҳри Аз-Зовия


Дар канори шаҳри Аз-Зовия, воқеъ дар ғарби Либия, миёни ошӯбгарон ва нерӯҳои ҳукуматӣ задухӯрд ба вуқӯъ пайваст.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, шоми дирӯз гурӯҳи тақрибан 200 нафараи ошӯбгарон ҳангоми ҳаракат сӯи маркази шаҳр мавриди тирборони шадид қарор гирифт. Бо вуҷуди ин ошӯбгарон то маркази шаҳр расиданд. Дар бораи талафот миёни ошӯбгарон иттилоъе нест.

Намояндаи ҳайати фармондеҳии мухолифини ҳукумат Гома Иброҳим гуфт, ки бахши аъзами шаҳри Аз-Зовия таҳти назорати ошӯбгарон аст ва аммо манобеъи наздик ба ҳукумати Либия инро рад карданд.

Даргириҳо миёни нерӯҳои вафодор ба раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ва ошӯбгарон аз моҳи феврал ба ин сӯ идома доранд.
XS
SM
MD
LG