Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати тоҷикӣ ва Афғонистон қарордод имзо карданд


Вазорати энержӣ ва оби Афғонистон ва ширкати “Тадэс”-и (Таджикэнергострой) Тоҷикистон қарордоде бо арзиши 10 миллион доллар имзо кардаанд. Бар асоси ин қарордод, ширкати тоҷикӣ ба иҷрои марҳилаи аввали тарҳи садди Камолхон рӯдхонаи Ҳилманд, воқеъ дар вилояти Нимрӯз оғоз мекунад. Давлати Афғонистон дар озмун барои иҷрои тарҳ аз миёни 8 ширкати маҳаллӣ ва байналмилалӣ “Тадэс”-ро пазируфтааст. Қарордоди мазкурро Муҳаммад Исмоилхон, сарпарасти вазорати об ва энержии Афғонистон ва Нуралӣ Ниёзов, мудири ширкати “Тадэс” имзо кардаанд. Бар асоси қарордод, ширкати Тадэс бояд як обанбори 3700 метрӣ ва се дарвозаи самтдиҳандаи об барои он бунёд кунад. Ҳазинаи тарҳро давлати Афғонистон хоҳад пардохт. Тарҳи садди Нимрӯз 50 соли пеш таҳия шуда ва бинобар ҷангу нооромӣ дар Афғонистон иҷро нашудааст.
XS
SM
MD
LG