Пайвандҳои дастрасӣ

Вуруди нерӯҳои Сурия ба шаҳри соҳилии Лозиқия


Нерӯҳои Сурия имрӯз бо тирандозии шадид вориди шаҳри соҳилии Лозиқия шудаанд. Ба гуфтаи фаъолони мухолифини давлат, режими Башшор Асад барои саркӯби тазоҳургарон дар Лозиқия 20 танку мошинҳои зиреҳпӯшро сафарбар кардааст, ки дар гузашта шоҳиди тазоҳуроти густурда алайҳи раиси ҷумҳури Сурия шудааст. Пештар аз ин Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико аз кишварҳои дигар хост, ба манзури фишори бештар ба давлати Сурия, аз харидории газу нафти ин кишвар худдорӣ кунанд. Рӯзи ҷумъа дар тазоҳуротҳои зиддидавлатӣ маъмурони амниятии Сурия 11 нафарро куштаанд.
XS
SM
MD
LG