Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози таҳқиқи вазъи пиряхҳои Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон як гурӯҳи байналмилалӣ ба пажӯҳиши ҳолати пиряхҳо ва вазъи зистмуҳитии саргаҳи рӯдхонаҳои Вахш ва Панҷ, ду манбаъи бузурги оби тамоми Осиёи Марказӣ шурӯъ кардаанд. Абдуқаюм Қаюмов, профессори тоҷик ва раҳбари гурӯҳи пажӯҳишӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, олимони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия таҳқиқ хоҳанд кард, ки то куҷо гармоиши курраи Замин ба пиряхҳо ва дигар манобеъи об дар минтақа таъсир гузоштааст:"Ҳадафи асосӣ, ҷалби таваҷҷӯҳи ҷаҳон, ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти обшавии пиряхҳои Тоҷикистон аст ва ҳам ба таври воқеъӣ баҳо додан ба вазъи пиряхҳо ва саргаҳи рӯдхонаҳои Панҷ ва Вахш.“ Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар қарни 20 ҳаҷми пиряхҳои Тоҷикистон то 30 дар сад кам шудааст ва дар сурати идомаи гармоиши курраи Замин ва раванди мазкур, захираҳои об дар Осиёи Марказӣ, яке аз гӯшаҳои хушки ҷаҳон то 30 дар сад коҳиш хоҳад ёфт, ки метавонад барои аҳолии минтақа паёмадҳои тарсноке дошта бошад.
XS
SM
MD
LG