Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин гурӯҳи байналмилалии омӯзиши ҳолати пиряхҳо ва вазъи зистмуҳитии саргаҳи рӯдхонаҳои Вахш ва Панҷи Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти ин кишвар шурӯъ ба фаъолият кардааст.

Дар ҳайати ин гурӯҳ, ки аз 30 нафар иборат аст, мутахассисони соҳоти мухталиф аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия шомил шудаанд. Ин гурӯҳ зери раҳбарии донишманди тоҷик Абдуҳамид Қаюмов ҳадаф дорад то моҳи сентябри соли ҷорӣ корҳои омӯзиш ва тадқиқоти вазъ ва ҳолати манобеи оби рӯдхонаҳои Вахш ва Панҷ ва таъсири гаршавии иқлими сайёра ба онро ба анҷом бирасонад.

ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲИ ОМӮЗИШИ ҲОЛАТИ ПИРЯХҲО

Профессор Абдуҳамид Қаюмов-узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, ки анҷоми тадқиқоти ин гурӯҳи байналмилалӣ аз вазъи пиряхҳо ва муҳити атрофи он на танҳо барои Тоҷикистон балки барои тамоми минтақа аз аҳамияти вижа бархӯрдор аст. Зеро дар ҳоли ҳозир масоили баҳрабардорӣ аз об, манобеи обӣ ва низ эҳдоси муассисоти вобаста бо об ба як баҳси доғи минтақа табдил шудааст ва маълумоти дақиқ дар бораи ин захоири аслӣ ногузир хоҳад буд: «Яке аз ҳадафҳо ин барқарор кардани корҳои омӯзишӣ ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти пиряхҳои Тоҷикистон аст. Ҳадафи асосӣ аз ҷиҳати реалӣ баҳо додан на танҳо ба пиряхҳо, ҳамчунин омӯзишу таҳлили таъсири тағйирёбии иқлим ба болооби рӯдхонаҳои Вахш ва Панҷ низ мебошад.»

Роҳбари гурӯҳи байналмилалии омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон гуфт, ки омӯзиши вазъи пиряхҳо бар пояи як барномаи давлати Тоҷикистон барои солҳои 2010 ва 2030 сурат гирифта сармоягузории онро СММ бар ӯҳда гирифтааст.

БОЗ ЯК ТАҲҚИҚОТ ПАС АЗ 57 СОЛ

Зимнан дар замони шӯравӣ низ ду маротиба як навбат дар соли 1932 ва навбати дигар дар соли 1957 вазъияти пиряхҳои Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифта будааст.

Абдуҳамид Қаюмов гуфт, ки дар ҳайати ин гурӯҳ мутахассисони яхшинос, ҳавосанҷҳо, табибон, коршиносони арсаи кишоварзӣ узвият доранд ва то ба имрӯз ҳолати чаҳор пиряхи бузург, яъне дуто дар дар болооби Хингоб бо номҳои «Скогач» ва «Гармо» ва дар болооби рӯдхонаи Панҷ бо номҳои «Хирсон» ва «Ҷамъияти ҷуғрофии Русия» мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Ва бар пояи маълумоти муқаддамотӣ, гармшавии иқлим ба манобеи обӣ хисороти ҳангуфтеро ворид кардааст.

Пештар гуфта мешуд дар муқоиса бо солҳои 30-юм ҳаҷми ин пиряхҳо то 25 дарсад коҳиш ёфтааст, аммо ҷаноби Қаюмов гуфт, маълумоти мушаххас дар ин бора баъди натиҷагирии ниҳоӣ ироа хоҳад шуд. Аммо дар ҳар сурат хисороти бештарро пиряхҳои кӯчак мутаҳаммил шуданд: "Ҳар як мудохилаи вазнин метавонад авоқиби ногувор орад. Воҳима карданд, ки пиряхҳо тамому адо мешаванд, ин хел намешавад. Боз даврае мешавад, ки боришот зиёд мешавад, масалан чуноне дар соли 1969 шуда буд. Ва ҳавои сард бештар ҳукмронӣ мекунад. Аммо боз шояд чанд сол пушти ҳам хушксолӣ меояд. Аз ин рӯ мо бояд обанборҳоро бештар бисозем ба хотири ҳифзи кишти худ.»

"ЧИГУНА АЗ ОБШАВИИ ПИРЯХҲО ҶИЛАВГИРӢ КАРД?"


Дар ҳоле, ки обшавии пиряхҳо дар пайи гармшавии иқлим суръати бештар касб мекунад, оё идомаи бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон чӣ хоҳад шуд ва оё дар чунин вазъияте пеш хоҳад омад, ки манобеи об комилан аз байн мераванд?

Холназар Муҳаббатов-коршиноси масоили экологии Тоҷикистон мегӯяд, дуруст аст, ки истифодаи аз андоза зиёд ва ё ба таъбири дигар, истисмори табиат таъсири худро ба муҳит хоҳад гузошт. Аз ҷумла сол то сол афзун шудани миқдору ҳаҷми газҳои гулхонаӣ, яъне партовҳои таъсисоти бузурги олам ва афзоиши мазореъ, ки оби зиёдро талаб мекунанд. Аммо бунёди обанборҳо дар назди қаламрави ин пиряхҳо ва аз нобудӣ эмин доштани муҳити атрофи он дуруст барои ҷилавгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо кӯмак мекунад.

Бо ин ҳол Абдуҳамид Қаюмов- роҳбари гурӯҳи байналмилали омӯзиши манобеи обии рӯдхонаҳои Вахш ва Панҷ мегӯяд, пешгӯӣ дар мавриди аз байн рафтани пиряхҳо кори содда нест. Вай гуфт, донишмандон пешгӯи карда буданд, ки дар соли 2010 манобеи обӣ дар Ҳимолой тамом мешавад, аммо чи хеле мебинем, ҳоло низ ин пиряхҳо мавҷуданд. Аз ин рӯ гуфт оқои Қаюмов, танҳо метавон то 20-25 соли баъдиро пешгӯӣ кард.

Қарор аст натоиҷи омӯзиши ин гурӯҳ аз вазъи пиряхҳои саргаҳи рӯдхонаҳои Вахш ва Панҷ дар даҳаи охири моҳи сентябри соли ҷорӣ дар як ҳамоиши байналмилаӣ эълон шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG