Пайвандҳои дастрасӣ

Нокомии дигари вакили дифоъи Юлия Тимошенко


Додгоҳи Укроин, рӯзи ҷумъа баррасии шикоят аз амри боздошти нахуствазири собиқ Юлия Тимошенкоро рад кард, ки ӯро ба сӯистифода аз мақом муттаҳам мекунанд. Ин қаҳрамони Инқилоби норанҷии Укроин иттиҳомот алайҳи худро дорои ангезаҳои сиёсӣ хондааст. Хонум Тимошенкоро аввали ҳамин моҳ барои беэҳтиромӣ ба додгоҳ боздошт карданд. Юлия Тимошенко соли гузашта дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба рақибаш Виктор Янукович бохт ва тарафдорони ӯ мегӯянд, ҳоло раиси ҷумҳур Янукович мехоҳад, Юлия Тимошенкоро аз ин роҳ, аз ҳаққи ширкат дар интихоботи порлумонии соли оянда берун кунад. Кишварҳои ғарбӣ хостори бознигарии парвандаи боздошти Юлия Тимошенко шудаанд.
XS
SM
MD
LG