Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Баҳси гарм атрофи пайкараи "қаҳрамонон" дар Бохтар


Ҳукумати ноҳияи Бохтар Файзалӣ Саидовро «Қаҳрамони миллӣ» ном бурда, бо норозигии бархе сокинон рӯ ба рӯ шуд.

Ҷаҳонгир Усмонов, сокини ноҳияи Бохтарро бо нимпайкараи Файзалӣ Саидов, қумандони собиқ Фронти халқӣ, ҳар рӯз рӯ ба рӯ омадан хеле нороҳат мекунад.

ЁДГОРИ ҶАНГӢ ШАҲРВАНДӢ?

Вай мегӯяд, ин нимпайкара аз айвони манзили ӯ ҳамеша падидор аст ва солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро, ки падару бародари ӯро рабудааст, ба ёд меорад: «Аз ҳамин тиреза ҳар бегоҳ мушоҳида мекунам. Мардум вақте аз пеши ин нимпайкара мегузаранд, бо ҳиссиёти гуногун ба
он нигоҳ мекунанд; яке бо меҳру бо шавқ, дигаре бо

нафрат, нафаре аслан аҳамият намедиҳад. Хуб мешуд, ки ҳамин ҳайкалҳоро барчида дар ягон осорхонаи махсуси ҷанги шаҳрвандӣ ҷой диҳанд. Касе хоҳад, ҳамон ҷо рафта, онро тамошо кунад, ба нафаре, ки маъқул нест, дар пеши чашмаш наметофт…»

Ҷаҳонгирро ҳамчунин ин масъала ғамгин мекунад, ки даҳҳо кӯчаю ҳатто деҳаҳо номи қумандонҳои Фронти халқӣ, аз ҷумла Файзалӣ Саидовро гирифтаанд. Ба иддаои ӯ, ҷанги шаҳрвандӣ қаҳрамон надорад ва набояд ширкатдорон ё қумандонҳои як ҷониби ин низоъҳоро ба унвони «қаҳрамони миллӣ» ном бурд ва ба ин васила, ба эҳсосоти мардуми ҷафокашида аз он ҷанг нохун зад.

"ФАЙЗАЛӢ РОДМАРД БУД..."

Ва аммо Абдуламин Исмоилов, раиси ноҳияи Бохтар, бар ин назар аст, ки Файзалӣ Саидов аз чеҳраҳои саршиноси миллати тоҷик буда, саҳми ӯ дар барқарории сохти конститутсионии Тоҷикистон беназир аст. Аз ин рӯ, ба андешаи ҷаноби Исмоилов, Файзалӣ Саидов шоистаи он аст, ки ба ифтихори ӯ на ин, ки кӯчаю деҳаҳоро ном ниҳод, балки бояд достонҳо эҷод кард: «Қаҳрамони миллат гӯем, хато намекунем. Файзалӣ Саидов яке аз родмардони ноҳияи Бохтар буд, ки барои барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ ҷони худро нисор кард. Вақте, ки барои
Абдуламин Исмоилов, раиси ноҳияи Бохтар

давлату миллат ҷони худро нисор мекунанд, барои чӣ ҳайкали чунин қаҳрамонон дар ҳамон хоҷагӣ ё маҳалли зисташон набошад?! Ё чаро номи ҳамин гуна родмардонеро, ки барои пойдории давлат ҷон бохтанд, номгузорӣ накунем?! Имрӯз мо вазифадорем, ки номи ҳамин родмардони ватан, қаҳрамонони миллат, номбардорони давлатро абадӣ нигоҳ дорем…»

"ВАҚТИ НИМПАЙКАРАҲО ГУЗАШТААСТ."

Баҳсҳо дар сари номи Файзалӣ Саидовро гирифтани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва деҳаҳо дар ноҳияи Бохтар тоза пас аз он шурӯъ шудаанд, ки дар маҳофили сиёсию фарҳангии Хатлон мавзӯъи баркандани нимпайкараҳои қумандонҳои Фронти халқӣ Файзалӣ Саидов, Сангак Сафаров ва Лангарӣ Лангариев дар Қӯрғонтеппа матраҳ аст.

Бурҳон Раҷабов, сардори идораи фарҳанги Хатлон, ҳам дар як сӯҳбати қаблӣ бо расонаҳо нимпайкараи ин се қумандони кушташуда дар солҳои ҷанги шаҳрвандиро «холӣ аз арзиши бадеию фарҳангӣ» хонда буд: «Ҳамчун як воқеаи нангине, ки дар дили ҳар яки мо мондасту лаҳзаҳои бисёр даҳшатоварро аз сар гузаронидем, ҳодисаҳои он солҳо дигар моли таърих шуданд. Ҳоло вақти он аст, ки дар ҷумҳурӣ як осорхонаи махсусе таъсис дода шавад, ки воқеаҳои ҳамон даври ҷанги шаҳрвандиро мунъакис кунад. Ҳамин хел ҳайкалу нимпайкараҳо ва дигар чизҳое, ки дар ҳамон солҳои 1992-1997 сохта шудаанд, ё таълиф гардиданд, дар ҳамон осорхона гирд оварда шавад, беҳтар аст. Акнун, ин нимпайкараҳоро вақташон ҳам гузаштаасту ба қавле «реклама кардан»-у дар пеши чашми одамон боқӣ гузоштан кори хубе нест. Зеро захми ҷанг дар замири бисёриҳо ҳанӯз ҳам боқист…»

«Ҷони ман қурбони номат Файзалӣ,
Файзалии паҳлавон, шери Алӣ,
Ҳар яке кори накӯро дар ҷаҳон
Мекунем сар мо ба номи Файзалӣ».


Ин чаҳор мисраъ шеъри муаллифаш номаълум ба Файзалӣ Саидов, қумандони собиқ Фронти халқӣ, бахшида шудааст, ки дар даромадгоҳи деҳаи ба номи ӯ дар ноҳияи Бохтар, дар зери акси бузургҳаҷмаш навишта шудааст. Пас аз марги Файзалӣ Саидов дар баҳори соли 1993, ки низоъҳои
Ёддгорӣ фармондеҳони Фронти халқӣ

ҳамватанӣ дар Тоҷикистон ба авҷ расида буд, даҳҳо кӯчаю хиёбонҳо ва деҳаҳои хурду бузург дар водии Вахш номи ӯро гирифтанд.

Ва аммо бархе аз таърихнигорон ва сокинони ноҳияи Бохтар мегӯянд, номи Файзалӣ Саидовро гирифтани кӯчаю деҳаҳои ноҳия хислати муваққатӣ дорад ва агар имрӯз қудрату ҷуръати тағйир додани он нест, наслҳои минбаъда ҳатман номи ин деҳаҳоро иваз хоҳанд кард.

ХИЛОФИ ЭТИКАИ СИЁСӢ

Коршиноси маҳаллӣ Рустами Сафар, ки ҳамзамон сокини ноҳияи Бохтар аст, дар ин бора мегӯяд, ба номи собиқ қумандонҳои Фронти халқӣ гузоштани деҳаҳо хилофи этикаи сиёсӣ ҳам мебошад: «Аслан дуруст нест, ки деҳаю ҷамоатҳои мо номи ягон қумандони Фронти халқӣ ё собиқ ИНОТ-ро бигиранд. Охир ин як ҷанги таҳмилӣ буд, ҷанги бародаркуш буд. Ин ҷо касе дастболо нашудааст. Ин қумандонҳо, ки аз эшон «қаҳрамони миллӣ» ном мебаранд, бар зидди душманони хориҷӣ ё бар зидди кадом давлати дигар, ки ба мо ҳамла карда бошад, наҷангидаанд. Онҳо барои чӣ ҷоннисорӣ карданд? Тоҷикон бар зидди тоҷикон ҷангиданд. Бародар бар зидди бародар. Аз ин рӯ, комилан мухолифи ин гуна номгузориҳо ҳастам. Ин хилофи одоб ҳам ҳаст…»

Бо ин вуҷуд, мақомоти ҳукумати ноҳияи Бохтар мегӯянд, фикри тағйир додани номи кӯчаю мактаб ё деҳаеро, ки ба ифтихори Файзалӣ Саидов гузошта шудааст, аслан дар сар надоранд.

Вале Сайраҳмон Назриев, сокини ноҳияи Бохтар, мегӯяд, изҳоротҳои амалдорони маҳаллӣ дар бораи «қаҳрамони миллӣ» будани Файзалӣ Саидов «шӯрангезӣ»-и мардуми ноҳияро мемонад, ки ба номи Файзалӣ Саидову Сангак Сафаров ва дигар қумандонҳои Фронти халқӣ ё нерӯҳои мухолифини собиқ назари яксон ва беғараз надоранд.

ҚАҲРАМОНОНИ МЕҲНАТ ҶОЙГУЗИНИ "ҚАҲРАМОНОН"-И ҶАНГ?

Вай афзуд, беҳтар ин аст, ки кӯчаю деҳаҳои Бохтар номи қаҳрамонони меҳнатро бигиранд: «Вақти он расидааст, ки номи кӯчаю деҳаҳоро мувофиқ ба менталитет, мувофиқи фарҳангу таърихи маҳал гузорем. Одамони арзандае ҳастанд, ки дар ободию обёрии водии Вахш заҳматҳои зиёде кашиданд. Солҳои 20-уму 30-юми асри гузашта
Сайраҳмон Назриев, сокини ноҳияи Бохтар

ботлоқзору туғайзори водии моро ба шаҳрҳо ва заминҳои ҳамвори кишт табдил доданд, ки хеле хизмати шоён барои давлат аст. Чаро номи он меҳнаткашонро зинда накунем? Чаро бояд номҳои муваққатӣ ва баҳсбарангезеро назири Сангаку Файзалӣ гузорем? Чаро ба ояндаҳо сабаб диҳем, ки кори имрӯзаи моро нодуруст хонанд ва иваз кунанд?»

Ноҳияи Бохтар дар Тоҷикистони Шӯравӣ номи «Коммунистӣ»-ро дошт ва бо тақозои он замон аксари кулли деҳаҳо ва хиёбонҳояш номи Ленин, Крупская, Максим Горкий, Ворошилов, Калинин, Когонович, Шевченко, «Школная» ва мисли инро доштанд.

Ҳукумати маҳаллӣ мегӯяд, ҳамакнун беш аз 100 деҳа ва кӯчаю хиёбонҳои ноҳияи Бохтар, ки аз замони шӯравӣ бозмонда буданд, базудӣ иваз хоҳанд шуд. Аммо то куҷо барои кӯчаю деҳаҳои ин ноҳия номҳои шоиста гузошта, асомии таърихии рустоҳо барқарор хоҳанд шуд, гузашти вақт нишон медиҳад.
XS
SM
MD
LG