Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хиёбонҳои "саршор" аз пулиси шаҳрҳои Бритониё


Дар шаҳрҳои Бритониё, ба хотири таъмини тартибу низом дар рӯзҳои истироҳат, маъмурони зиёди пулисро сафарбар кардаанд. Стив Каванаг, муовини фармондеи пулиси шаҳри Ландан, гуфт, ба ҷойи 2500 маъмури пулис ҳоло 16 ҳазор нафар дар кӯчаҳои Ландан гашт мезананд. Дар шаҳрҳои дигари Бритониё, Нотингем, Бирмингем ва Ливерпул ҳам дар рӯзҳои таътил теъдоди бештари маъмурони пулис сафарбар шудаанд, агарчӣ ба гуфтаи мақомот, бо назардошти чанд рӯзи ороми гузашта, онҳо бенизомиҳои навро интизор надоранд. Дар ҷараёни бебандуборӣ ва ғоратгариҳое, ки шанбеи гузашта дар Бритониё шурӯъ шуд, то кунун 1900 нафар боздошт кардаанд ва ба 700 нафари онҳо расман иттиҳом эълом шудааст. Дар ин ошӯбҳо панҷ нафар кушта шудаанд, Бритониё дар зарфи си соли гузашта шоҳиди чунин ошӯб нашуда буд.
XS
SM
MD
LG