Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Ҳилларӣ Клинтон ба таҳримоти бештар алайҳи Сурия


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, рӯзи ҷумъа аз кишварҳои дигар хост, ба манзури фишори бештар ба давлати Сурия, аз харидории газу нафти ин кишвар худдорӣ кунанд. Дар як мусоҳиба бо телевизиони Си Би Эс-и Амрико, хонум Клинтон Ҳинду Чин ва кишварҳои Аврупоро ба таҳримҳо ба санъати нафту гази Сурия фаро хонд. Ӯ аз Русия хост, ба таҷрибаи тӯлонии фурӯши аслиҳа ба Сурия хотима диҳад. Айни замон дар рӯзи ҷумъа нерӯҳои Сурия саркӯби хунини тазоҳургарони зиддидавлатиро идома доданд. Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқ, дар тазоҳуротҳои баъди намози ҷумъа 11 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG