Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Итолиё барномаи "дарднокеро" тасвиб кард


Ҳукумати Итолиё бо талаби Бонки Марказии Аврупо, ки аз амиқрафти бӯҳрони минтақаи истифодаи евро нигарон аст, барномаи нави коҳиши хароҷоти буҷаи давлатиро қабул кард. Силвио Берлусконӣ, нахуствазири Итолиё, гуфт, 45,5 миллиард евро кам кардани хароҷоти буҷа то соли 2013, дарднок вале кори ногузир аст: "Ин ҳукумат худситоӣ мекард, ки ҳеҷ гоҳ ба ҷайби мардуми Итолиё даст намебарад, аммо авзоъи ҷаҳон тағйир ёфтааст. Мо ба бузургтарин чолиши ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шудаем." Бар асоси барнома, хароҷоти ниҳодҳои давлатӣ кам, 50 ҳазор коргарро ихтисор мекунанд ва молиёти афроди сарватманди Итолиёро боло мебаранд. Онҳое, ки солона 90 ҳазор евро даромад доранд, то 2 соли дигар 5 дар сад молиёти изофӣ хоҳанд супурд. Ҳукумати Берлусконӣ, ин барномаро бо вуҷуди мухолифати сарсахтонаи мақомоти маҳаллӣ қабул кард, ки мегӯянд, ин коҳиши хароҷот одилона нест ва ба рушди иқтисодӣ дар Итолиё латма мезанад.
XS
SM
MD
LG