Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чапдастҳо"- нобиғаҳои таърих


Фолбини шинохтаи фаронсавӣ Мария Дювал гуфтааст, ки Русияро дар оянда президенти чапдаст ё ба гуфтаи худи русҳо “левша” идора хоҳад кард.

Ин изҳорот тарафдорони клубҳои бешумори “чапдастон”-ро хушҳол кард ва онҳо интернетро бо хитобҳои “мо медонем ҷаҳонро дар оянда чапдастҳо идора мегунанд!”, пур карданд.

Аз рӯи омор, дар курраи замин 1 миллиард инсони чапдаст ба сар мебарад. Яъне ҳар ҳафтумин сокини сайёра дар зиндагии худ ба дасти чап эътимод мекунад. Аммо ифтихори махсуси “ҷиноҳи чапдастҳо” нобиғаҳои таърихианд, ки аз худ хотира ё осори муассиреро ба ёдгор мондаанд.

"ЧАПДАСТҲО"-НОБИҒАҲОИ ТАЪРИХӢ

Аз 400 нобиғаи эътирофшуда дар таърихи башарият, сеяки онҳо чапдаст буданд. Дар ин рӯйхат исми Мотсартро мебинед, ки мегӯянд, ҳеҷ кас дар ҳеҷ садсолае ба андозаи ӯ мукиқии зебо нанавиштааст. Ҳамин тавр Леонардо Да Винчи, ки устодони наққошӣ то ҳол дар кашфи асрори навиштаҳои ӯ музтар мондаанд. Дар ин рӯйхат исми Александри Бузург, Микеланҷело, Юлий Тсезар, Сергей Эйзенштейн, Маяковский ва дигар нобиғаҳо шомил шудаанд.

Аммо ифтихори кунуни ҷиноҳ Барак Обама аст, ки санадҳои сарнавиштсозро бо дасти чап имзо мекунад. То соли 1974 Амрико танҳо ду раисҷумҳури чапдаст дошт - Ҷеймс

Гарфилд ва Ҳарри Труман. Баъди соли 1974 онҳое, ки дасти чапашон дасти корӣ буд бештар шуд. Аз сарварони Кохи Сафед панҷ нафар- Ҷералд Форд, Роналд Рейган, Ҷорҷ Буши калонӣ, Билл Клинтон ва Барак Обама ба ин хайл шомил ҳастанд. Се муддаии дигари курсии раёсати ҷумҳур дар Амрико – сенатор Ҷон Маккейн, Алберт Гор ва соҳибкор Росс Перо низ бо дасти чап кор мекунанд.

ОЯНДАИ РУСИЯ ДАР ДАСТИ "ЛЕВША"?

Аммо ҳоло суоли аслие, ки пеши блогнависон халқ шудааст ин аст, ки ояндаи Русия дар дасти чапи кӣ хоҳад буд?
“Соати Путин дар дасти росташ аст, пас ӯ чапдаст аст... “ ба хотир меоранд онҳо. Аммо худи Путин дар яке аз сӯҳбатҳо ба хабарнигорон гуфт, ки бастани соат дар дасти рост барояш роҳаттар аст. Аммо баъзе аломатҳои вижа, махсусан ҳаракатҳои бештари дасти чапи Путин дар вақти сӯҳбатҳо аз
Владимир Путин

назари равоншиносон дур намондаст. Онҳо мегӯянд, ки ин аломатҳо бештар хоси мардуми чапдаст аст. Масалан ӯ ҳамеша коғазҳоро аз ҷайби рост бо дасти чап берун меорад, дар ҳоле, ки корбарони дасти рост аснодро дар ҷайби чап мегузоранд.

"НИГОҲ"-И ТИБУ МАЗҲАБ БА "ЧАПДАСТӢ"

Дар маҷмӯъ духтурҳо дар бораи ҳукуматдорони чапдаст бо муштоқӣ сӯҳбат мекунанд. Зеро беҳуда нест, ки нобиғаҳо бештар аз ҳамин гурӯҳ зуҳур мекунанд. Табибон ин вижагиро ба сохтори мағзи онҳо марбут медонанд ки ба соҳибаш имкон медиҳад беҳтарин хусусиятҳои сарвариро ба намоиш гузорад.

Пажӯҳигарони ғарбӣ Ален Брагдон ва Девид Гамон дар китоби худ “Мағзе, ки бо шеваи дигар кор мекунад”, ин падидаро шарҳ додаанд. Онҳо мегӯянд мағзи чапдастҳо ба фарқ аз онҳое, ки бо дасти рост кор мекунанд, қобил аст ҳамзамон чанд андешаро ҳаллу фасл кунад.

Чапдастӣ дар давлатҳои Шӯравии собиқ нуқс ҳисоб мешуд ва баробари кашфи ин иллат табибон бачаро оҷилан ислоҳ мекарданд. Тамоми асбобу ускунаи давраи шӯравӣ низ ба шакле сохта мешуд, ки аз онҳо танҳо бо дасти рост истифода мешуд. Шояд дар гузашта дар байни нобиғаҳои илму фарҳанги тоҷикон чапдастҳо кам набуданд, аммо сарчашмаҳои таърихи аз ин ҷузъиёт сарфи назар кардаанд.

Эҳтимол як иллати нодида гирифтани ин ҷузъиёт, ҷанбаи мазҳабии он бошад. Рӯҳонии саршиноси тоҷик Қобилҷон Боев ҳикмати мухолифати дини ислом бо чапдастиро ин гуна шарҳ дод: “Тибқи таълими пайғамбари ислом ҳазарати Муҳаммад (с.с) рост барои тановули ғизо, саломуалейк бо мардуми дигар ва корҳои хуб аст, яъне дасти рост бояд ҳамеша тозаву ҳалол бошад. Дасти чап барои рафъи ҳоҷат истифода мешавад.”

Аммо дар ҷаҳоне, ки чапдасти ҷанбаи мазҳабӣ надорад, як пажӯҳиш мушаххас кардааст, ки чапдастҳо дар муқоиса бо ҳамтоҳои ростдасти худ то 20 дар сад бештар пул кор мекунанд. Дар ҳар сурат шумо метавонед пажӯҳиши худро гузаронед ва бубинед, ки пулдорони атрофи шумо чап дастанд ё хайр.
XS
SM
MD
LG