Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ораз Назаров- сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон


Ораз Назаров
Ораз Назаров

Ораз Назаров, собиқ бозигари дастаи «Помир»-и Душанбе ва тими миллии футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон таъйин шуд.

Ӯ дар ин вазифа Маҳмадҷон Ҳабибуллоевро иваз кард.

Ёддовар мешавем, Ҳабибуллоев, ки моҳи декабри соли гузашта ба вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таъйин шуда буд, чанд рӯз пеш аз ин вазифааш истеъфо дод.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли федератсияи футболи
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев

Тоҷикистон, ба Озодӣ гуфт, ки аризаи истеъфои Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ рӯзи 12-уми август пазируфта шуд.

Вай афзуд, Ораз Назарови 41-сола, писари мураббии машҳур Шариф Назаров, ки аз соли 2009 то инҷониб дар дастаи «Регар» ба ҳайси мураббӣ-селексионер ифои вазифа мекунад, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар таъйин гардид.

Таъйини сармураббии дастаи мунахаби ҷавонони кишвар дар ҳолест, ки дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ҳанӯз сармураббӣ надорад. Пӯлод Қодиров, сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон чанде қабл аз мақоми худ истеъфо дода буд.

Иллати истеъфои сармураббӣ, натоиҷи ғайриқаноатбахши дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 бо тими миллии Сурия арзёбӣ шуд. Яъне, мунтахаби Тоҷикистон аз ӯҳдаи иҷрои
Пӯлод Қодиров

вазифаи худ- ба даври севуми сабқати интихобӣ роҳ ёфтан набаромад.

Ба гуфтаи оқои Давлатов дар назди дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё, ки авохири моҳи октябри соли ҷорӣ дар Қатар баргузор мешавад, вазифаи ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтан гузошта шудааст.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Баҳрайн, Бутан, Кувайт, Қатар ва Урдун рақобат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG