Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СПАД пайомадҳои хуруҷи Амрико аз Афғонистонро баррасӣ мекунад


Рӯзи ҷумъа раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки дар он кишварҳои Шӯравии собиқ узвият доранд, дар Остона-пойтахти Қазоқистон бо ҳам мулоқот карданд. Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон ва мизбони ин мулоқот гуфт, онҳо асароти хуруҷи нируҳои Амрико аз Афғонистон ба Осиёи марказиро баррасӣ мекунанд. Дар СПАД Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Русия ва Узбакистон узвият доранд. Дар ин мулоқот Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон ширкат надошт. Дар ин паймон Маскав тасаллут дорад ва мехоҳад онро ба памони ҳамвазн бо НАТО табдил диҳад.
XS
SM
MD
LG