Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Туркманистон 40 нафар ба зиндон рафтанд


Инфиҷори амбори муҳимот дар Ободони Туркманистон

Инфиҷори амбори муҳимот дар Ободони Туркманистон

Як сомонаи интернетии мухолифони раиси ҷумҳури Туркманистон гузориш додааст, ки дар робита бо инфиҷори 7 июл дар амбори муҳимоти шаҳраки Ободони ин кишвар 40 нафар маҳкум ба зиндон шудаанд. Бино ба гузориши “Хроника Туркменистана”, 7 нафари онҳо аз 20 то 25 солӣ ва боқимонда 10 солӣ маҳкум ба зиндон шудаанд. Ҳукумати Туркманистон гуфта буд, ки ин инфиҷор пешомаде будааст ва дар он 15 нафар ба қатл расидаанд. Аммо ҳомиёни ҳуқуқи Туркманистон иддао мекунанд, ки дар ин ҳодиса тақрибан 1 300 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG